Ду марди хатлонӣ барои шавҳар додани духтарони ноболиғ ба маҳкама кашида шуданд

  • 12 Декабр, 2013

Додситонӣ дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноии ду мардро ба иттиҳоми шавҳар додани духтарони ноболиғ ба анҷом расонда ва барои муҳокима ба додгоҳ ирсол кардааст.

Бахтовар Шарипов, масъули додситонии ноҳияи Қумсангир, рӯзи панҷшанбеи 12 декабр гуфт, ки ин ду падар бар асоси моддаи 168-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне ба шавҳар додани духтари ноболиғ, муттаҳам дониста мешаванд.

Оқои Шарипов мегӯяд, ки ҳамакнун парвандаи ҷиноии Раҷабалӣ Султонов ва Қурбон Маҳмадҷонов барои муҳокима ба додгоҳи ин ноҳия фиристода шудааст.

Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои иртикоби ин ҷурм маҳкумият ба зиндони таълиқӣ (корҳои ислоҳӣ) барои то ду сол ва ё маҳкумият ба зиндон барои шаш моҳро пешбинӣ кардааст.

Ин нахустин парвандаи ҷиноӣ алайҳи волидон дар ноҳияи Қумсангир дар соли ҷорӣ аст, ки духтарони ноболиғи худро шавҳар додаанд. Дар соли 2012 низ додгоҳи ин ноҳи чунин афродеро муҷозот карда буд.

Бар асоси иттилоъи додгоҳҳои вилояти Хатлон, бештари волидоне, ки духтарони ноболиғи худро ба издивоҷи иҷборӣ водор мекунанд, дар ҷараёни муҳокима изҳор мекунанд, ки аз камбизоъатӣ ва нодорӣ ба ин кор даст задаанд.