Пардохти ҷаримаи ҳангуфт барои ислоҳи ғайриқонунии иттилоъоти компютерӣ
Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе се нафар аз сокинони Тоҷикистонро дар ислоҳи ғайриқонунии иттилоъоти компютерӣ муқассир донист ва онҳоро водор ба пардохти ҷаримаи ҳангуфт кардааст.
Ҳамчунин ин афрод барои таъсиси ширкати ғайриқонунӣ ва фаъъолиятҳои соҳибкории бидуни муҷаввиз низ муҷрим дониста шудаанд.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин додгоҳ, Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷӯраев ва Парвиз Назаров дар ҳамоҳангӣ бо як сокини Русия, ки аз вай Виталий Кулагин ном бурда шудааст, як ширкати ғайриқонуниро таъсис дода ва ба фаъъолиятҳои соҳибкорӣ даст задаанд.
Додгоҳ мушаххас кардааст, ки аз ин фаъъолиятҳои ширкатҳои телефунҳои ҳамроҳи “Бабилон Мобайл” ва “Индиго Тоҷикистон” хисороти ҷиддии молӣ дидаанд.
Додгоҳ ин се нафарро тибқи моддаҳои 259 ва 299, яъне фаъъолиятҳои соҳибкории ғайримуҷоз ва ислоҳи ғайриқонунии иттилоъоти компютерӣ муқассир донист ва онҳоро мутаносибан ба пардохти ҷарима аз 12 ҳазор то ҳудуди 15 ҳазор сомонӣ, ки муъодили беш аз ду ҳазор дулор будааст, маҳкум кардааст.
