Арӯси Қоимдодов барои дувоздаҳуним сол ба зиндон маҳкум шуд

  • 31 Январ, 2014
ДодгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Бисёриҳо мегӯянд, ки боздошт ва маҳкумияти хонуми Муборакшоева ба ваҷҳаи сафири Тоҷикистон дар Белорус латма задааст

Муштарӣ Муборакшоева, ҳамсари писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Белорус, ба ҷурми интиқоли беш аз 2 килуграм маводди мухаддир барои дувоздаҳуним сол маҳкум ба зиндон шудааст.

Ин хабарро пайвандони оқои Қоимдодов таъйид карданд, вале масъулони додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки парванда дар он ҷо баррасӣ шуд, ҳозир ба ироаи ҷузъиёти ин парванда нашуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳукми ин додгоҳ рӯзи 21 январ содир шудааст. Дар торнамои (сойти) расмии ин додгоҳ низ дар ин робита гузорише мунташир нашудааст. Ба гуфтаи пайвандони Қозидавлат Қоимдодов, онҳо қасд доранд аз ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бибаранд.

Тайи чанд соли ахир барои бори нахуст аст, ки дар иртибот бо қочоқи маводди мухаддир яке аз пайвандони як чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва диплумотик дар Тоҷикистон боздошт ва муҷозот мешавад.

Шояд ин боздошт ҳам чандон мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор намегирифт, вале мақомот расман хабар доданд, ки 16 сентябри соли 2013 ҳангоми сафар ба Маскав пайвандони оқои Қоимдодов боздошт шудаанд.

Нахуст бархе аз соҳибназарон ҳадс зада буданд, ки дар ин робита эҳтимолан Қоимдод Қоимдодов, писари сафир ва корманди Додгоҳи иқтисодии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд боздошт шудааст. Вале дертар мақомот тавзеҳ додаанд, ки танҳо Муштарӣ Муборакшоева боздошт шудааст.

Он замон эълом шуд, ки ҳангоми сабти бори мусофирон аз дохили чамадони ин хонум, ки бо ҳамсараш ба Маскав ва аз он ҷо ба Минск сафар мекард, маъмурони гумрук дувуним кило маводди мухаддир кашф ва мусодира кардаанд.

Ин воқеъа, ки аз ҳамон оғоз бо ибҳомоте ҳамроҳ буда, зуд сари забонҳо уфтод ва пас аз муддате камранг шуд. Аммо акнун бо судури ҳукми додгоҳ дубора расонаӣ шудааст. Бархе аз пайвандони хонуми Муборакшоева ӯро бегуноҳ медонанд ва ин воқеъаро ба фаъъолиятҳои шавҳараш рабт медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, бисёриҳо муътақиданд, ки боздошти хонуми Муборакшоева ба ваҷҳаи Қозидавлат Қоимдодов, ки аз диплумотҳои барҷаста буда ва сафорати Тоҷикистон дар Белорусро ба уҳда дорад, ва ҳамчунин писараш, ки корманди додгоҳи иқтисодии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд аст, ҷиддан латма задааст.

Қозидавлат Қоимдодов ҳамунин аз чеҳраҳои матраҳ дар арсаи сиёсати Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай аз замони рӯйи кор омадани давлати феълӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар симатҳои мухталиф кор карда ва аз ҷумла муддате раиси порлумон буд.

Соҳибназарон мегӯянд, ки таваҷҷуҳи оқои Раҳмон ба шахси Қозидавлат Қоимдодов низ бештар ба маҳалли таваллуди ӯ рабт мегирад. Дар авоили даврони истиқлол ва замони даргириҳои дохилӣ, ки сокинони минтақаҳои мухталиф дар ду сӯйи ҷабҳа қарор доштанд, ҳузури оқои Қоимдодов дар симатҳои муҳимми давлатӣ барои намояндагӣ аз вилояти Бадахшон барои оқои Раҳмон муҳим будааст.

Дар гузашта бархе аз созмонҳои байналмилалӣ дар бораи даст доштани мақомоти баландпоя ба қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ изҳори назар мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ахиран маъмурони ин ниҳод аз се мавриди талоши қочоқчиёни афғон барои интиқоли маводди мухаддир ба Тоҷикистон дар марзи Бадахшон ҷилавгирӣ кардаанд.

Матолиби муртабит