Боз як қочоқбари тоҷик дар Русия равонаи зиндон шуд
Додгоҳи шаҳри Перми Русия Гулмирзо Латифов, шаҳрванди Тоҷикистонро барои қочоқи маводди мухаддир ба муддати 9 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилоъи Идораи бозрасии Русия дар музофоти Перм, дар моҳи сентябри соли гузашта ба ҳангоми тафтиши худравҳо дар истгоҳи худравҳои шаҳри Перм дар махзани бензини худрави мутааллиқ ба оқои Латифов 61 адад бутали плостики ҳомили ҳеруин кашф шудааст, ки вазни умумии он ҳудуди 40 килугромм будааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ҳеруини мусодирашуда навъи олӣ буда, имкон дорад аз он 2 милюн адад маводди мухаддири масрафӣ (доза) омода шавад.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ, додгоҳи вилояти Челябински Русия низ Илҳом Обидов ва Ҳайдарбек Ашӯров, шаҳрвандони тоҷикро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир мутаносибан ба муддатҳои 13 ва 14 сол зиндон маҳкум карда буд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти ин додгоҳ, ин ду табаъи тоҷик аз Тоҷикистон ба Русия 800 громм ҳеруинро интиқол дода ва онро дар шаҳри Челябинск ба фурӯш расонданд.
