Додгоҳи Русия се тоҷикро ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

  • 20 Январ, 2014
ҲируинImage copyrightBBC World Service
Image caption Додгоҳ ин се нафарро дар қочоқи як килуграм ва 300 грам ҳируин муқассир донист

Додгоҳе дар Русия се нафар аз сокинони Тоҷикистонро барои қочоқи миқдори бузурги маводди мухаддир муқассир дониста ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

Тавре, ки сойти расмии Додстонии кулли Русия менависад, додгоҳи вилояти Калининград, Алишер Муродов, Маҳмад Каримов ва Мунира Назарова мутаносибан ба 14, 11 ва 10 сол зиндон маҳкум кард.

Қозии додгоҳ, парвандаи ҷиноии ин се нафарро бар асоси моддаҳои 33, 228 ва 229, яъне ҳамдастӣ дар ҷурм, фурӯш ва омода кардани маводди мухаддир ва интиқоли маводди мухаддир баррасӣ карда ва онҳоро муҷрим шинохтааст.

Тавре, ки дар таҳқиқоти ин парванда омадааст, Алишер Муродови 39 сола, ки дар шаҳри Калининград ба сар мебурдааст, масъулияти тарҳрезии интиқоли маводди мухаддирро аз тариқи марзҳо бар уҳда доштааст. Вай дар ҳамдастӣ бо як фарди номаълум дар Тоҷикистон, ки таҳқиқот ҳуввияти онро мушаххас накардааст, маводди мухаддир ва ба истилоҳ "қосидҳо"-ро дар Тоҷикистон пайдо карда ва тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Калининград мефирситодааст.

Дар ин қазия Маҳмад Каримови 25 сола ва Мунира Назароваи 36 сола ба унвони қосидҳои интиқоли маводди мухаддир буда ва онҳо аз тариқи фурӯ бурдани то 100 дона бастаи маводи мухаддир тавассути ҳавопаймо онро ба Русия бурданд.

Ин қосидҳо дар тӯли сол ду бор ҳируинро ба чунин тарз ба Калининград бурда буданд ва маъмурони пулис онҳоро дар фурӯдгоҳи мавсум ба "Храброво" дар соли 2013 боздошт кардаанд.

Тибқи иттилоъ маъмурони пулиси рус дар бемористон аз дохили меъдаи ин ду қосид, беш аз як килугрому 300 гром ҳируинро кашф ва мусодира кардаанд.

Ин нахустин бор нест, ки кормандони интизомии Русия аз боздошт ва зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир иттилоъ пахш мекунанд.

Тибқи гузоришҳои онҳо дар зиндонҳои Русия беш аз панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба сар мебаранд, ки 60 дарсад аз онҳо ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Дар миёни ин зиндониён шуморе аз занон ва духтарон низ будаанд.

Аммо дар соли ҷорӣ ин нахустин бор аст, ки кормандони интизомӣ дар Русия аз зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир хабар медиҳанд.

Қоршиносон фақру нодорӣ дар миёни шумори зиёде аз сокинони Тоҷикистонро яке аз авомили даст задани шуморе аз онҳо ба интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир медонанд.

Матолиби муртабит