Кушта шудани як хонаводаи тоҷик дар Русия

  • 6 Январ, 2014

Дар рустои Темниковои вилояти Маскави Русия 5 узви як хонаводаи тоҷик, аз ҷумла, ду кӯдаки 8 моҳа ва 4-сола бар асари оташсӯзӣ ҷон бохтаанд.

Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз қавли манобеъи Идораи бозрасии ин кишвар хабар додааст, оташсӯзӣ субҳи вақти рӯзи шанбеи 4 январ рух дода ва танҳо пас аз 5 соъат муҳор шудааст. Ин манбаъ иллати оташсӯзиро ба харобии ноқили барқӣ марбут хондааст.

Гуфта мешавад, ин хонавода аз Тоҷикистон ба Русия омода, аммо то ҳол ҳуввияти онҳо мушаххас нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, бар асоси иттилоъи муқаддамотӣ мумкин аст афроди кушташуда аъзои хонаводаи Илҳом Умаров бошад, ки аз ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ба Русия кӯч карда буд.