Равобити Русия ва Тоҷикистон: Хушбиниҳо ва бимҳо

Дар Тоҷикистон дар кунферонси илмии байналмилалӣ, ки ба дурнамои муносибати Русия ва Тоҷикистон бахшида шуда буд, масъалаи таъмини амният ва пешрафти иқтисодии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш, ки рӯзи сешанбеи 17 декабр доир шуд, таъкид шуд, ки амнияти минтақа ба таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятии Афғонистон, кишвари ҳаммарзи ин минтақа бастагӣ доштааст.
Аз ин рӯ ширкаткунандагони ин кунферонс дар ҷараёни он вазъияти кунунӣ дар Афғонистон ва имкони тағйир ёфтани он баъд аз соли 2014-ро матраҳ ва нақши кишварҳои минтақаро дар таъмини амният дар он кишвар баррасӣ карданд.
Ин нишаст зери унвони "Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: Ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстии ҳамбастагии Уруосиё" доир мешуд ва ҳадафи аслии ҳамоиш дурнамои муносибати Тоҷикистон ва Русия буд. Аз ин рӯ аксари суханронон дар атрофи равобити кунунӣ ва ояндаи ин ду кишвар суҳбат карданд.
Русия-шарики аслии Тоҷикистон
Ҳарчанд Игор Якин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳамбастагии кишварҳои минтақа аз муддатҳо қабл дар арсаҳои мухталиф собит шудаст. Вай бо ёдоварӣ аз Иттиҳоди гумрукӣ, ки Русия, Қазоқистон ва Белорус узви он мебошанд, афзуд, ки бисёре аз кишварҳои минтақа ва ҳатто ҷаҳон изҳорӣ пайвастан ба ин иттиҳодияро кардаанд.
Оқои Якин-Фролов афзуд: "Шарикони мо, аз ҷумла қирғизҳо ва арманиҳо аз рӯи шуниди ман машғғули омода кардани нақшаҳое барои ворид шудан ба ин иттиҳодия ҳастанд. Афзун бар ин равандаи ҳамбастагӣ дар чорчӯби иттиҳодияи ин се кишвари Русия, Белорус ва Қазоқистон дар ҳоли суъуд аст. Тавре, ки ахиран Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар баромади худ дар Думо таъкид кард, то моҳи майи соли оянда, бояд ҳамоҳангсозии қарордоди ниҳодии Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё омода шавад. "
Сафири Русия аз қавли оқои Путин гуфт, ки ин ҳамбастагӣ бар асоси баробарии ҳамаи кишварҳо ва манофеъӣ воқеъии иқтисодии онҳо ва густариши раванди Уруосиё берун аз пружаҳои дигар пеш хоҳад рафт.
Аммо Сӯҳроб Шарипов, намояндаи порлумони Тоҷикистон дар суханронии худ, ворид шудани Тоҷикистон ба иттиҳодияи гумрукиро дар чанд соли оянда баъид хонд.
Вай гуфт: " Ба андешаи ман дар раванди пазироии кишварҳо ба ин иттиҳодия масоили зиёде вуҷуд дорад. Вале дар мавриди Тоҷикистон мехоҳам бигӯям, ки мо ҳоло шояд чаҳор ва ё панҷ солро барои омода кардани мадорик барои ворид шудан ба ин иттиҳодия дар ихтиёр дорем. Барои ҳамин шитобидан лозим нест, мо бояд ҳамаи паҳлуҳо ва ҷузъиёти онро санҷем."
Ӯ афзуд, ки дар ҳоле, ки миёни Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистон роҳҳои иртибототии мустақим вуҷуд надорад, давлати Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ин нуқта чигунагии пайвастани худ ба ин иттиҳодияро нахуст баррасӣ кунад.
Бархе дигари аз суханоронони ин ҳамоиш низ бо таъкид ба равобити қаблии ду кишвар ба ояндаи ҳамкориҳои миёни онҳо изҳори хушбинӣ мекарданд ва Русияро шарики аслии истротежикӣ Тоҷикистон мехонданд.
Шувинизм-мушкиле дар Русия
Аз сӯйи дигар иддаи дигаре аз коршиносони тоҷики ширкаткунанда дар ин нишаст давлати Русияро ба шувинизм муттаҳам карда ва гуфтанд, ки то замоне, ки дар он кишвар бо шувинизм муборизаи беамон эълом нашавад, аз фаъъолияти созандаи ҳеҷ гуна иттиҳодияҳо дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд нишонае нахоҳад буд.
Искандар Ассадуллоев, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, ки иттиҳодияи идиоли Уруосиё, Русияро муваззаф мекунад, ки аз шувинизм, миллатгароӣ ва он беадолатие, ки дар он кишвар вуҷуд дорад, даст кашад.
Аммо вай афзуд: "Ин чи маънӣ дорад, ин яъне, ки Русия бояд аз Уруосиё, ба унвони фаромарзравоӣ (империя) даст кашад. Имрӯз бисёре аз олимон дар Русия аз барқарор кардани империя суҳбат мекунанд. Мо зидди он нестем, ки Русия бояд қудратманд бошад, вале ҷоҳталабии имперотурӣ дар он кишвар бояд лағв шавад."
Оқои Ассадуллоев ҳамчунин гуфт, ки иҷрои ин амр аз мақомоти баладпояи Русия бастагӣ дорад.
Ӯ афзуд: "Аммо чунин ба назар мерасад, ки мақомоти баладпояи Русия бар вазъи шувинизм, милатпарастӣ ва ё воқеъоте чун Брилюво назорат карда наметавонанд ва ё намехоҳанд? Ва дарвоқеъ бисёре аз он воқеъоте ки дар Русия мегузарад, барои мо номаълум мемонад. Дар ин бора бояд ошкоро бигӯем."
Ин коршиноси тоҷик мегӯяд, ки аз ин рӯ муносиботи миёни Русия ва Тоҷикистон чун дар равобити кишварҳои урупоӣ байналмилалӣ ва шаффоф бошад.
Аз сӯйи дигар созмонҳои мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия ҳамвора аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар он кишвар гузориш медиҳанд.
Масъулони ин созмонҳо илали аслии нақз шудани ҳуқуқи муҳоҷиронро дар бетаваҷҷуҳии мақомоти кишварҳои осиёӣ ба сарнавишти муҳоҷирон ва адами муборизаи густардаи ниҳодҳои интизомии Русия бо гурӯҳҳои нажодпараст дар он кишвар унвон мекунанд.
Саймиддин Дӯстов, коршиноси дигар, ки низ дар кунферонси имрӯз ҳозир буд, гуфт, ки ба ҳамбастагии Уруосиё ва ояндаи он чандон бовар надорад.
Оқои Дӯстов мегӯяд, ки сару садоҳо дар атрофи боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки беш аз се сол идома дошт ва сипас тавофуқ дар мавриди боқӣ мондани он барои ҳудуди 50 сол дар Тоҷикистон яке аз иштибоҳоти бузурге буд, ки дар оянда дар минтақа таъсироти ногувореро бар ҷой хоҳад гузошт.
Ӯ афзуд: "Дар натиҷа Тоҷикистон аз миёни кишварҳое, ки аз қаламрави он низомиёни НОТУ берун хоҳанд омад, бароварда шуд. Ҳамчунин мантақаи ҷануби Тоҷикистон аз роҳҳои иртибототӣ ба кишварҳои ҳамсуд тавассути роҳи қатор маҳрум монд. Узбакистон ба шарики муҳими Омрико табдил меёбад, ки барои иттиҳодияи Уруосиё ин кишвар аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ хеле муҳимм аст."
Ҳамчунин ба ақидаи вай Тоҷикистон аз мушкилоти сӯхтӣ, ки аз соли 2010 ба он мувоҷеҳ буд, беш аз милёрдҳо дулор хисорот дидааст.
Суханрониҳои ахири коршиноси тоҷик мӯҷиби нигроании сафири Русия дар Тоҷикистон шуд ва ӯ аз ҳозирин хоҳиш кард, ки аз мавзуъи аслии кунферонс берун нараванд.
Бо ин вуҷуд бисёре аз коршиносон Русияро яке аз шарикони аслии истротежики Тоҷикистон медонанд.
Дилсардии сармоягузории русҳо ба иқтисоди Тоҷикистон
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиносои иқтисодӣ нақши Русия дар иқтисоди Тоҷикистонро созанда унвон кард.
Оқои Умаров ба Би-би-сӣ гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба он ки мо бештар ба фановарии Русия одат кардаем, ва тамоми ҷавонони мо бавижа мутахассисони ҳирфаӣ донишгоҳҳоеро хатм кардаанд, ки дар онҳо бисёртар аз текнулужии русҳо истифода мешавад. Аз ин нуқтаи назар ман фикр мекунам, ки мо бояд ба фановарии Русия, албатта фановарии замонавии он кишвар бештар такя кунем ва корхонаҳои хешро бар асоси фановарии он кишвар эҳё кунем."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистонро андак мехонанд.
Аммо оқои Умаров далоили дилсардӣ аз сармоярезӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз сӯйи бисёре аз сармоягузорони мустақил дар Русияро адами итминони онҳо барои бардоштани суд унвон кард.
Вай афзуд: "Масалан масъулони нерӯгоҳи "Сангтуда-1" дар таъмини бардоштани саҳми худ аз ширкати саҳомии "Барқи тоҷик" мушкил дорад, яъне масрафкунандагони нерӯи барқи ин нерӯгоҳ аз уҳдаи пардохти бамавриди қарзи худ баромада наметавонанд. Ва аз чунин вазъият онҳо (сармоягузорони рус) бим доранд. Тоҷикистон бояд кушиш кунад, ки натанҳо барои сармоягузорони рус, балки барои сармоягузорони кишварҳои дигар шароити хуби корӣ ва итминони бозпас гирифтани саҳм аз сармоягузориро таъмин кунад."
Кунферонси илмии байналмилалии дурнамои муносибати Русия ва Тоҷикистон, ки дар китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд, ба ибтикори Донишгоҳи Слови Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст коршиносони иқтисодӣ ва сиёсӣ аз Русия, Укройн, Белорус, Қазоқистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.
