Мулоқоти марзбонони Тоҷикистон, Русия ва Афғонистон дар Шерхон Бандар

Фармондеҳи марзбонони Русия имрӯз дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон бо ҳамтоёни тоҷику афғони худ дидору гуфтугӯ кард.
Ин мулоқот дар чорчӯби сафари серӯзаи Владимир Кулишов, муъовини аввали раиси Идораи Федероли Амнияти Русия ва фармондеҳи марзбонони ин кишвар анҷом ёфт.
Оқои Кулишов шоми дирӯз, 29-уми октябр вориди Тоҷикистон шуда ва имрӯз, 30-юми октябр аз посгоҳҳои марзии Панҷи Поён дар Тоҷикистон ва посгоҳи марзии Шерхон Бандар дар Афғонистон дидан кард.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Идораи марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, дар ин сафар ба марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон оқои Кулишовро Шералӣ Мирзо, ҳамтои тоҷикаш ҳамроҳӣ кард.
Ба гуфтаи сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон қарор буд дар посгоҳи марзии Шерхон Бандари Афғонистон мулоқоти чорҷонибаи фармондеҳони марзбонони Тоҷикистон, Афғонистон, Русия ва Ӯзбакистон сурат мегирифт,
Аммо намояндаи Ӯзбакистон ба ин мулоқоти руасои ниҳодҳои марзбонӣ ҳузур надошт. Тибқи иттилоъи расмӣ ҷониби Ӯзбакистон "ба сабабҳои фаннӣ" натавонистааст дар ин мулоқот ширкат кунад.
Аммо Шералӣ Мирзо, Владимир Кулишов ва женерол Аҳмадзай, фармондеҳи пулиси сарҳадии Афғонистон дар Шерхон Бандар мулоқоти худро анҷом доданд.
Мақомоти марзбонии се кишвар дар ҷараёни ин мулоқот барномаи ҳамкориҳои баъдии худро дар заминаи таъмини амнияти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев дар меҳвари мулоқот мавзӯъоти мутамарказ ва ҳамоҳангсозии кори ниҳодҳои марзбонии се кишвар барои таъмини манияти марз, табодули иттилоъоти фаврӣ дар заминаи фаъъолияти гурӯҳҳои қочоқбари маводди мухадир, террурист ва ифротгаро қарор дошт.
Дар поёни ин дидору гуфтугӯ мақомҳои аввали ниҳодҳои марзбонии се кишвар дар ин замина прутукуле ба имзо расониданд. Коршиносон мегӯянд, ин мавзӯъ барои се кишвар бо таваҷҷӯҳ ба хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 беш аз пеш муҳим шудааст.
Интизор меравад Владимир Кулишов, фармондеҳи Идораи марзбонии Русия фардо 31-уми октябр бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва низомиёни рус, мустақар дар ин кишвар мулоқот анҷом бидиҳад. Қарор аст ӯ ҳамчунин аз "Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ"-и Тоҷикистон низ дидан кунад.
Марзбонони рус дар соли 2006 муроқибат аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро комилан ба марзбонони тоҷик таҳвил доданд.
Пас аз хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон теъдоди марзбонони тоҷик дар ин марз то 16 ҳазор нафар афзоиш ёфта ва 11 посгоҳи ҷадиди марзӣ бунёд шуд.
Бо вуҷуди ин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Сочӣ марзҳои ҷанубии кишварашро марзҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд унвон карда ва хостори ироъаи кумакҳои фаннӣ ва силоҳ ба марзбонони тоҷик шуда буд.
Ӯ ҳушдор дода буд, ки дар солҳои ахир мавориди вуруди ғайриқонунии гурӯҳҳои терруристӣ ва қочоқбарони маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон дар авоили моҳи ҷорӣ гуфта буд, ки ин созмон барномаи байнидавлатиеро барои таҳкими марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон таҳия хоҳад кард.
Гуфта мешавад ин барнома аз ҷумла кумакҳои фаврии фаннӣ-низомиро ба марзбонони тоҷик дар назар мегирад.
Бино ба гуфтаи Хушнуд Раҳматуллоев - сухангӯи марзбонони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Владимир Кулишов то рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон хоҳад монд.
