Таъкиди Лукошенку ба таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон
Алексадр Лукошенку, раиси ҷумҳури Белорус дар мулоқоте бо хабарнигорони кишварҳои мустақили ҳамсуд аз нигарониҳояш дар бораи марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ сӯҳбат кардааст.
Ӯ гуфтааст, матраҳ шудан ё нашудани мавзӯъи кумаки кишварҳои ҳамсуд ба Тоҷикистон дар заминаи таҳкими амнияти марзаш бо Афғонистонро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳалл хоҳад кард.
Ӯ афзуд, ки худи ӯ дар қиболи ин мавзӯъ тарафдориашро баён карда ва афзудааст: “Мо тарафдори онем, ки ин мавзӯъ дар қатъномаи ҳамоиши кишварҳои мустақили ҳамсуд иншо шавад. ”
Нишасти хабарии оқои Лукошенку бо сардабирони расонаҳои Кишварҳои Мустақили Ҳамсуд як ҳафта қабл аз баргузории Шӯрои сарони кишварҳои ин кишварҳо ва Шӯрои иқтисодии Уруосиё дар Белорус сурат гирифт.
