Ширкати камтар аз 10 ҳазор нафар дар "Роҳпаймоии русӣ"

  • 5 Ноябр, 2013
роҳпаймоии миллатгароёни рус

Чаҳорум корзори миллатгароёни рус таҳти унвони “Роҳпаймоии русӣ” рӯзи 4-уми ноябр дар шаҳрҳои гуногуни Русия баргузор шуд.

Яке аз пурҷамъияттарини роҳпаймоиҳои ин корзор дар Люблино сурат гирифт, аммо шумори ширкаткунандагони инҷо низ хеле камтар аз 30 ҳазор нафаре буд, ки интизораш мерафт таҷаммуъ кунанд.

Бино ба арзёбии пулиси Люблино дар ин роҳпаймоӣ ҳудуди ҳашт ҳазор нафар ширкат кардааст. Аммо хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ мегӯяд, ҳатто ин рақам низ бештар аз теъдоди издиҳомест, ки ӯ дар Люблино мушошҳида карда.

Бино ба гузориши хабарнигорон дар ин роҳпаймоӣ ба ҷуз аз шиъорҳо ба тарафдорӣ аз русҳо, даъватҳое барои қатли қафқозиҳо низ садо додаанд.

Барои нахустин бор дар таърихи баргузории “Роҳпаймоиҳои русӣ” дар ин чорабинӣ чапҳои ифротӣ - аъзои пешини гурӯҳи мамнуъи “Ҳизби Милливу булшевикӣ”-и Эдуард Лимонов низ ҳузур пайдо карданд.

Ин гурӯҳ бо шиъорҳои зидди-капиталистии “Бистон ва тақсим бикун!” дар роҳпаймоӣ ширкат карданд. Худи Лимонов дар ин роҳпаймоӣ ҳузур надошт.

Ҷаласае, ки қарор буд пас аз роҳпаймоӣ баргузор шавад, ба далели ҳавои боронӣ лағв шуд. Аммо пас аз роҳпаймоӣ консерте баргузор шуд, ки дар он ба гуфтаи пулис фақат ҳудуди ҳазор нафар боқӣ мондаанд.

Дар Сан-Питерсбург теъдоди ширкаткунадагони роҳпаймоӣ хеле поинтар буд, аммо теъдоди боздоштшудагон дар ҷараёни роҳпаймоӣ бештар аз ҷойҳои дигар будааст.

Дар Маскав ин роҳпаймоии миллатгароёни рус, ки ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ин кишвар ҳар сол баргузор мешавад, бо зуҳури гурӯҳҳои ҷудогонае дар яке аз хиёбонҳои Маскав анҷом ёфт.

Пулиси Маскав дар истгоҳи қатори Люблино ҷавонони ноболиғро, ки ба манзури ширкат дар роҳпаймоӣ мехостанд ба қатор бишинанд, аз роҳ мегардонданд.

Дар ҷараёни роҳпаймоӣ ба гуфтаи пулис ҳудуди 30 нафар боздошт шудаанд. Пулис мегӯяд, онҳо ба иттиҳоми пушиши моск, риъоят накардани одоб, истифода аз самбулҳои мамнуъ ва фарёди шиъорҳои миллатгароёна боздошт шуданд.

Теъдоди умумии ширкаткунандагони “Роҳпаймоии русӣ” дар соли ҷорӣ дар Русия 15 ҳазор унвон шуд.

Алексей Навалний, мухолифи аршади ҳукумати Путин аз ширкат дар роҳпаймоии соли ҷорӣ худдорӣ кард. Ӯ ин амрро ба он марбут хонд, ки пас аз интихоботи раиси шаҳри Маскав, дар ин замина масъулияти хеле сангин эҳсос мекунад.

Бо ин вуҷуд оқои Навалний гуфтааст, ки дар роҳпаймоӣ бояд ширкат кард, то ки миллатгароӣ дар Русия ба қудрати мутамаддин ва сиёсӣ бадал шавад.

Матолиби муртабит