Лағви боҷи изофии гумрукӣ аз воридоти маводди сӯхти Русия ба Тоҷикистон

  • 14 Ноябр, 2013
маводди сӯхт
Image caption Тоҷикистон дер боз мунтазири лағви боҷи изофии гумрукӣ барои воридоти маводди сӯхтӣ аз Русия ба Тоҷикистон буд

Тибқи тасмими ахири давлати Русия аз 12-уми ноябри соли ҷорӣ содироти маводди сӯхтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба сурати муваққатӣ бидуни пардохти боҷи изофии гумрукӣ оғоз шуд.

Иҷрои муфоди қонуни Русия дар бораи пардохти боҷи изофии гумрукӣ барои содироти маводди сӯхт, нисбат ба Тоҷикистон то замони тасвиби мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи содироти маводди сухти Русия ба ин кишвар бидуни пардохти боҷи изофии гумрукӣ лағв шудааст.

Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳибае бо хабаргузории “ASIA-Plus” изҳор доштааст.

Ба гуфтаи ин диплумот, акнун маводди сӯхти мавриди ниёзи Тоҷикистон, ки аз Русия ворид мешавад, бидуни пардохти боҷи изофии гумрукӣ сурат мегирад. Ба ин тартиб интизор меравад дар зудтарин фурсат қиммати як литр бензини навъи АИ-92 аз 6 сомниву 40 дирам то 5 сомонӣ коҳиш ёбад.

Ба гуфтаи тоҷирони маводди сӯхтӣ дар Тоҷикистон, интиқоли ин маводд бидуни пардохти боҷи изофии гумрукӣ аз корхонаҳои полоиши нафти Русия оғоз шуда ва интизор меравад нахустин вогунҳои ҳомили ин маводд, ки қарор аст бо қимати поёнтар ба бозори Тоҷикистон ироа шавад дар авоили моҳи декабр хоҳанд расид.

Онҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд то фарорасии соли ҷадиди мелодӣ сокинони Тоҷикистон аз харидории маводди сӯхти нисбатан арзон бархурдор хоҳанд шуд.

Тоҷикистон аз соли 2010 бад ин су бо пардохти боҷи изофии гумрукӣ маводди сӯхтиро аз Русия ворид мекард. То он замон содироти маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон бидуни ин маблағ сурат мегирифт.

Феълан давлати Русия муқаррар кардааст, кишварҳое, ки узви Иттиҳоди Гумрукӣ нестанд, барои хариди як тунн маводди сӯхтӣ бояд беш аз 260 дуллор боҷи изофии гумрукӣ пардохт кунанд. Солҳои қаблӣ Тоҷикистон аз Русия беш аз 90 дарсади маводди сӯхтии мавриди ниёз худро ворид мекард. Вале дар солҳои ахир Русия ин мавқеъи худро аз даст додааст.

Феълан Қирғизистон, ҳамсояи Тоҷикистон дар ин замина пешсаф буда ва то 43,2 дарсади маводди сӯхтӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мешавад. Ҳарчанд Қирғизистон аз манобеъи нафтӣ бархурдор нест, вале ин кишвар аз имкони воридоти маводди сӯхтии бидуни боҷи изофии гумрукӣ аз Русия бархурдор буда ва бархе аз ин маводдро ба кишварҳои сеюм, умдатан аз тариқи қочоқ дубора содир мекунад.

Дар соли ҷорӣ давлати Русия борҳо аз мақомоти Қирғизистон хоста буд, ки аз ин кор ҷилавгирӣ кунад, вале ба гуфтаи тоҷирони тоҷик, ин маводд ҳамчунони ба сурати қочоқ ба Тоҷикистон содир мешуд.

Зимнан, қарордоди лағви боҷи изофии гумрукӣ барои содироти маводди сӯхтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба имзо расида буд.

Вале тасвиби ин санад дар порлумони ду кишвар ба дарозо кашид ва раҳбарони ҳар ду кишвар ин мавзӯъро дар мулоқоти худ пайваста баррасӣ мекарданд.

Гузориш шуда, ки ҳоло вазорати энержии Тоҷикистон миқдори маводди сӯхтии мавриди ниёзи худ барои соли 2014-ро таҳия карда ва ба ҷониби Русия ироъа мекунад.

Матолиби муртабит