Ширкатҳои Фаронсаю Чин дар Тоҷикистон нафту гоз истихроҷ мекунанд

  • 19 Июн, 2013
Нафт
Image caption Ширкатҳои “Total SA”-и Фаронса ва CNPC-и Чин дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи нафту гоз машғул хоҳанд шуд

Ширкатҳои “Total SA”-и Фаронса ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)”-и Чин дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон ба истихроҷи нафту гоз машғул хоҳанд шуд.

Баъд аз зӯҳри сешанбеи 18 июн дар шаҳри Душанбе Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, Бо Чилян, раиси ширкати CNPC, Майкл Боррел, муъовини раиси ширкати “Total SA” дар Урупо ва Осиёи Марказӣ ва Дэвид Робсон, раиси ширкати “Tethys Petroleum Limited” дар ин замина қарордодеро имзо карданд.

Ҳамакнун ширкатҳои “Total SA” ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)” бо ширкати “Kulob Petroleum” “Ширкати Амалиётии Бохтар”-ро созмон дода, тарҳҳои иктишоф ва истихроҷи маъодини нафту гозро дар майдони 35 ҳазор килуметри мураббаъ дар ноҳияи Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон рӯйи даст хоҳанд гирифт.

Дар баёнияи ширкати “Tethys Petroleum Limited” омадааст, давлати Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар 1186,37 килуметри мураббаъи майдонро дар ихтиёри ин ширкат гузошта ва муддати фаъъолияти онро то соли 2020 тамдид кардааст.

Зимнан дар моҳи июли соли гузашта ин ширкатҳои Фаронсаю Чин мутаносибан 33 дарсадии саҳоми ширкати “Kulob Petroleum”-ро харидорӣ карда буд.

Дар тобистони соли гузашта ширкати “Tethys Petroleum” зимни интиҳшори як баёния аз кашфи захоири бузурги нафту гоз дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла, захоири 27 милёрд бушкаи нафт ва миқдори зиёди гоз хабар дод.

Ширкати “Total SA”-и Фаронса қасд дорад, дар ҷануби Тоҷикистон таваҷҷӯҳи аслиро ба иктишоф ва истихроҷи гоз мутамаркиз карда ва дар сурати дастёбӣ ба истихроҷи захоири бузург ин гозро аз тариқи бунёди лӯлаҳо ба Чин содир кунад.