Эътирозоти Укройн: ИУ фишори Русияро маҳкум мекунад

  • 25 Ноябр, 2013
Тазоҳуркунандагон бо пулис дар маркази Киев даргир шудаанд
Image caption Тазоҳуркунандагон бо пулис дар маркази Киев даргир шудаанд

Ду мақоми баландпояи Иттиҳодияи Урупо (ИУ) аз Русия ба далели эъмоли фишор бар Укройн ба ҳадафи мунсариф шудан аз имзои тавофуқоти тиҷорӣ ва мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо дар ҳафтаи ҷорӣ шадидан интиқод кардаанд.

Баёнияи ин ду мақоми Иттиҳодияи Урупо (ИУ) ҳамзамон бо даргириҳои тоза дар Киев, пойтахти Укройн миёни тазоҳуркунанандагони ҳаводори Иттиҳодияи Урупо ва пулис содир шудааст.

ИУ гуфтааст "ин марбут бо Укройн аст, ки озодона дар мавриди хости худ дар бораи чигунагии равобит бо Иттиҳодияи Урупо тасмим бигирад."

"Аз ин рӯ мо қотеъона мухолифи мавзеъгирии Русия ва иқдомоти он ҳастем."

Ин баёнияи муштарак тавассути Ҳермон Вон Ромпуй, раиси Шурои Урупо ва Хузе Монуел Борусу, раиси Кумиссиюни Урупо мунташир шудааст.

Онҳо дар ин баёния исрор доштаанд, ки равобити қавитар миёни Иттиҳодияи Урупо муносиботи Укройн бо ҳамсоягонаш, аз ҷумла Русияро тазъиф намекунад.

Онҳо гуфтаанд: "Барномаи Мушорикати Шарқӣ як барномаи пирӯзии тарафҳо аст, ки ҳамаи мо аз он суд хоҳем дид."

Имзои тавофуқномаҳо бо Укройн ҷузъе аз барномаи Иттиҳодияи Урупо мавсум ба Мушорикати Шарқӣ аст.

Русия таҳдид кардааст, ки агар Укройн ин тавофуқотро бо ИУ имзо кунад, тадобири иқтисодиеро рӯи даст хоҳад, гирифт, вале дар бораи чигунагии ин тадобир тавзеҳ надодааст.

Дар гузашта Русия интиқоли гоз ба Укройнро ба далели муноқишот дар бораи қимати гоз ба таълиқ даровардааст. Соли ҷорӣ Русия воридоти шукулоди Укройнро манъ кард.

Русия ҳамчунон шароб ва оби маъдании кишварҳои Гурҷистон ва Мулдовиро, ки низ кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳастанд ва мехоҳанд шароити муносиби тиҷорат бо ИУ дошта бошанд, таҳрим кардааст.

Интизор меравад Гурҷистон ва Мулдовӣ тавофуқоти муқаддамотии наздикӣ бо Иттиҳодияи Урупоро дар нишасти Иттиҳодияи Урупо дар Вилнюс, пойтахти Литунӣ 28 ва 29 ноябр имзо кунанд.

"Шармсорӣ"

Пулиси Укройн дар даргириҳои тоза бо фаъъолони ҳаводори Иттиҳодияи Урупо дар маркази Киев аз гози ашковар истифода кардааст.

Гузоришҳо ҳокист бархе муътаризон талош кардаанд вориди сохтмони ҳукумат шаванд, вале тавассути пулис ба ақиб ронда шудаанд.

Image caption Садҳо муътариз шаби гузашта дар хаймаҳо дар майдон боқӣ мондаанд, агарчи мақомот дастур додаанд майдонро тахлия кунанд

Ҳазорон нафар муътариз бори дигар дар майдони Урупо таҷаммуъ кардаанд. Ин таҷаммуъ ба дунболи тазоҳуроти рӯзи якшанбе баргузор мешавад, ки бузургтарин тазоҳурот пас аз Инқилоби Норанҷӣ дар соли 2004 будааст.

Ин муътаризон аз ин ки давлат тасмим гирифтааст тавофуқномаи тиҷорӣ ва мушорикат бо ИУ ро имзо накунад, хашмгин ҳастанд.

Русия аз Укройн хостааст шомили Иттиҳоди гумрукие шавад, ки Қазоқистон ва Белорус узви он ҳастанд ва Русия дар он нақши калидӣ дорад.

Раҳбарони мухолифини Укройн, аз ҷумла Виталий Кличко, қаҳрамони вазнбардории ҷаҳон, тағйири ногаҳонии мавзеъи давлатро "шармсорӣ" хонда ва қавл додааст, ки ба тазоҳуроти умумии бидуни муҳлат дар маркази Киев идома хоҳад дод.

Тарафдорони Юлия Тимошенко, раҳбари зиндонии мухолифин низ дар миёни фаъъолони эътирозот ҳастанд. Онҳо аз давлат хостаанд ӯро озод кунад, тақозое ки ИУ ҳам онро кардааст.

Хонуми Тимошенко мехоҳад барои дармони дарди музмини сутуни муҳраҳояш ба Олмон биравад ва ИУ озодии ӯро аз ҷумлаи шароити имзои тавофуқот бо Укройн эълом кардааст.

Аммо ҳафтаи гузашта порлумони Укройн тарҳҳои қавонинеро, ки барои ӯ иҷоза медоданд, ба хориҷ барои дармон сафар кунад, тасвиб накард.

Мухолифин мегӯянд беш аз 100 000 нафар рӯзи якшанбе дар Киев алайҳи давлат тазоҳурот кардаанд. Пулис гуфтааст теъдоди тазоҳуркунандагон ҳудуди 50 000 нафар будааст.

Садҳо муътариз шаби гузашта дар хаймаҳо дар майдон боқӣ мондаанд, агарчи мақомот дастур додаанд майдонро тахлия кунанд.

Хаймаҳо аз нишонаҳои умдаи Инқилоби Норанҷии ҳаводори наздикӣ ба Ғарб буданд, ки нуфузи суннатии Русияро ба сиёсатҳои Укройн дар соли 2004 ба чолиш гирифт.

Матолиби муртабит