Укройн ноқизи ҳуқуқи нахуствазири собиқи худ шинохта шуд

Қуззоти додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо ҳукм додаанд, ки зиндонӣ кардани Юлиё Тимушенку пеш аз муҳокима дар соли 2011 "худсарона ва ғайриқонунӣ" буда ва ҳаққи ӯ барои бархӯрдорӣ аз баррасии ҳуқуқӣ нақз шудааст.
Хонуми Тимушенку, ки ҳанӯз дар зиндон аст, иддаъо карда буд дар даруни боздошт аз хадамоти пизишкӣ бебаҳра буда ва кутак хӯрдааст, аммо шикояти ӯ дар додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо таъйид нашуд.
Хонуми Тимушенку ба ҷурми сӯистифода аз қудрат дар як қарордоди гоз дар Укройн ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд.
Раъйи додгоҳи ҳуқуқи башар ҳукми зиндони хонуми Тимушенкуро тағйир намедиҳад, агарчи қарор аст ин ҳукм дар як парвандаи ҷудогона баъдҳо дар ҳамин додгоҳ баррасӣ шавад.
Ба гузориши "Ассошиэйтед пресс" як мақоми давлати Укройн ҳангоми қироъати раъйи додгоҳ ҷаласаро бо хашм тарк кардааст.
Раъйи додгоҳ ҳанӯз ниҳоӣ нест ва тарафҳои даргир дар парванда се моҳ барои фарҷомхоҳӣ фурсат доранд.
Юлиё Тимушенку нахуствазири собиқи Укройн ва ҳомиёнаш Виктур Янукович рақиби сиёсии хонуми Тимушенкуро муттаҳам мекунанд, ки муҳокимаи ӯро барои интиқомгирии сиёсӣ аз ӯ ба роҳ андохтааст.
Юлиё Тимушенку дар инқилоби норинҷии соли 2004 яке аз чеҳраҳои аслии сиёсӣ буд ва ду бор пас аз ин инқилоб ба нахуствазирӣ расид.
Хонуми Тимошенку дар соли 2009 қарордоди даҳсолае барои таъмини гоз бо Русия имзо кард.
Ду сол баъд дар муҳокимаи ӯ додситонҳо гуфтанд ин қарордодиқтисоди Укройнро вайрон карда ва нахуствазири собиқ барои имзои қарордод аз кобинаи худ иҷозаи нагирифтааст.
Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо, ки дар Истросбург мустақар аст, мегӯяд ҳаққи озодӣ ва амнияти хонуми Тимошенку бо зиндонӣ кардани ӯ пеш аз додгоҳ нақз шудааст.
Дастури боздошти хонуми Тимошенку бо қайди муддати номаълум шуда буд.
Бар асоси ҳукми додгоҳ аз он ҷо, ки хонуми Тимушенку ба таъаҳҳуди худ барои тарк накардани шаҳр ва ширкат кардан дар ҷаласоти додгоҳ амал кард,а хатари фирори ӯ вуҷуд надоштааст.
Рудон Кириев, қозии укройнии додгоҳи хонуми Тимушенку ба ӯ гуфта буд бояд ба далели беэҳтиромӣ ба додгоҳ дар тӯли муҳокима низ зиндонӣ бошад.
Бо ин ҳама додгоҳи ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Урупо ин далелро барои салби озодии хонуми Тимушенку нокофӣ донистааст.
Радди шикоят
Агарчи ҳукми додгоҳ сареҳан аз ангезаи сиёсии боздошти хонуми Тимушенку ҳарф намезанад ба иттиҳоме ишора мекунад, ки нахуствазири собиқ мутаваҷҷеҳи мақомоти Укройн карда ва ин ки барои ҳазфи ӯ аз саҳнаи сиёсат зиндониаш кардаанд. Додгоҳи ҳуқуқи башар тасреҳ мекунад: "Хонуми Тимушенку ба далоиле ҷуз итминон аз ҳузур дар баробари қозӣ зиндонӣ шудааст."
Додгоҳи Истросбург дар айни ҳол ҳукм дода, ки дастгоҳи қазоии Укройн фоқиди низоме барои баррасии ҳуқуқии боздошти муттаҳамон аст.
Қуззоти додгоҳи Истросбург шикояти хонуми Тимушенку мабнӣ бар маҳрумият аз хадамоти пизишкии муносиб дар зиндонро муътабар надонистаанд ва баръакс ба ин натиҷа расидаанд, ки мақомоти зиндон тамоми талошашонро кардаанд, ки мутмаин шаванд хонуми Тимушенку аз хадамоти беҳдоштии бамаротиб беҳтар аз он чи ки мардуми оддии Укройн дар ихтиёр доранд, баҳра бибарад."
Додгоҳи ҳуқуқи башар ҳамчунин шикояти хонуми Тимушенку мабнӣ бар кутак хӯрдан ҳангоми интиқол аз зиндон ба бемористонро ворид надонистаанд, чаро ки "хонуми Тимошенку ҳозир нашуда тан ба озмоишҳои пизишкии қонунӣ биспорад".
Додгоҳи Истросбург дар бораи қонунӣ будани ҳукм ба маҳрумияти хонуми Тимушенку раъй надодааст, бо ин ҳама духтари нахуствазири собиқи Укройн тасмими ин додгоҳро "аввалин пирӯзӣ" дар роҳе дониста, ки ба озодии модараш хатм хоҳад шуд.
