Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо боздошти Тимошенкоро ғайриқонунӣ хонд

  • 30 Апрел, 2013
Юлия Тимошенко
Image caption Хонум Тимошенко 11 октябри соли 2011 ба далели суиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордодҳои гозӣ бо Русия дар соли 2009 барои муддати 7 сол маҳкум ба зиндон шуд

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо бо ҳимоят аз шикояти Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Укройн боздошти ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонд ва онро баробар ба нақзи ҳуқуқи башар донист.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо, ки мақараш дар Истросбург аст, ҳукми худро дар ин маврид рӯзи сешанбеи 30 апрел эълом кард, ки ба гузориши Ассолиэйтед Пресс намояндаи Укройн пас аз шунидани ин ҳукм толори додгоҳро тарк кард.

Хонум Тимошенко 11 октябри соли 2011 ба далели суиистифода аз мақом ба ҳангоми имзои қарордодҳои гозӣ бо Русия дар соли 2009 барои муддати 7 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Хонум Тимошенко моҳи январи соли ҷорӣ ҳамчунин ба даст доштан дар қатли Евгений Шербан, намояндаи порлумони Укройн муттаҳам шуд.

Додситонии кулли Укройн ҳамчунин дар ҳоли таълиқи парвандаи ихтилоси эҳтимолӣ аз будҷа ва сарпечӣ аз пардохти молиёт дар муъомилоти хариду фурӯши гоз тавассути ширкати "Системи воҳиди энержии Укройн" аст, ки раҳбарии ин ширкатро дар солҳои 1990 Юлия Тимошенко ба уҳда доштааст.

Моҳи апрели соли ҷорӣ Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Укройн бо судури фармоне Юрий Лутсенко, вазири кишвари пешини Укройн ва аз ёрони хонуми Тимошенкоро мавриди афв қарор дод.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо таъйид кард, ки ба ҳангоми баррасии қазияи хонум Тимошенко тавассути додгоҳи ноҳиявии Печерский ӯ ба сурати ғайриқонунӣ боздошт шудааст, ки ин амр нақзи ҳуқуқи озодӣ ва масунияти ҳарими хусусии ӯ аст.

Ин додгоҳ гуфтааст дар робита ба боздошти хонум Тимошенко банди 18 Кунвенсиюни ҳуқуқи башари Урупо нақз шудааст ва ба ҳамин далел боздошти ӯро дорои ангезаи сиёсӣ хондааст.

Аммо ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо барои мақомоти Укройн илзомовар нест.

Ҳукми додгоҳ пас аз се моҳ дорои эътибор хоҳад шуд, машрут ба ин ки дар ин муддат мақомоти Укройн аз ҳаққи худ барои шикоят алайҳи ин ҳукм истифода накунанд.

Аммо додситонии кулли Укройн ин ҳукми додгоҳи Ҳуқуқи башари Урупоро рад кардааст. Михайло Шорин, як мақоми ин ниҳод гуфтааст, ки боздошти хонуми Тимошенко мутобиқ ба мафоди қонуни кайфарии ин кишвар сурат гирифтааст ва дар он замон қонунӣ будааст.

Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо шикояти дигаре аз суи Юлия Тимошенкоро дар дасти баррасӣ дорад: нақзи ҳуқуқи ӯ барои истифода аз додгоҳе мунсифона.

Пештар Сергей Власенко, вакили мудофеъи хонуми Тимошенко ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки тасмими додгоҳ дар мавриди нахуствазири пешини Укройн метавонад озодии ӯро дар пай дошта бошад.

Матолиби муртабит