Эътироз ба таъхир дар равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Урупо дар Укройн

Беш аз 100 000 нафар дар шаҳри Киев, пойтахти Укройн дар эътироз ба таъхири давлат таҳти фишори Русия дар имзои тавофуқномаи мушорикати ин кишвар бо Иттиҳодияи Урупо ба хиёбонҳо рехтаанд.
Раҳбарони мухолифин ба муътаризон пайвастаанд. Гуфта мешавад ин бузургтарин тазоҳурот дар Укройн пас аз Инқилоби Норанҷии соли 2004 аст.
Замоне ки тазоҳуркунандагон мехостанд ҳалқаи маъмурони пулисро дар атрофи сохтмонҳои давлатӣ рахна кунанд, пулис аз гози ашковар истифода кардааст.
Дар тазоҳуроти тарафдорони давлат, ки чанд килуметр дуртар аз маҳалли эътирозот, баргузор шуда, ҳудуди 10 000 нафар ширкат кардаанд.
Пулиси шаҳри Киев гуфтааст замоне ки муътаризон барои ворид шудан ба сохтмони Кобинаи Вазирон ба суи пулис норинҷаки дудзо партоб кардаанд, маъмурони пулис аз гози ашковар истифода кардаанд.
Укройн ҳафтаи гузашта дар мавриди тавофуқномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо тасмимгирӣ кард ва гуфт наметавонад ба хотири ин тавофуқнома равобиташ бо Русия осеб бубинад. Русия талош мекунад Укройнро шомили Иттиҳоди гумрукиии таҳти нуфузи худ бисозад.
Бисёре аз тазоҳуркунандагон парчамҳои мухолифин ва Иттиҳодияи Урупоро ҳамл мекарданд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст Иттиҳодияи Урупо Укройнро таҳти фишор қарор додааст то тавофуқномаи мушорикатро ҳафтаи оянда дар ҷараёни нишасти кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар Вилнюс имзо кунад.
Муътаризон, ки дар майдони Урупо ҳамроҳи хонавода ва кӯдакони худ ҳузур доштанд, шиъорҳои "Ман мехоҳам дар Урупо зиндагӣ кунам", "Укройн ҷузъе аз Урупост"-ро дар даст доштанд.
Володимир Мних, шимидони бознишастаи 62-сола ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфтааст: "Мо мехоҳем ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Урупо бошем."
"Мо мехоҳем кӯдаконамон оянда дошта бошанд ва таҳти султаи Русия набошанд."
Тайи рӯзҳои ахир дар Киев ва чандин шаҳри дигари Укройн тазоҳуроте барпо шудааст, аммо эътирозоти рӯзи якшанбе то кунун бузургтарин эътироз будааст.
Виталий Кличко, қаҳрамони муштзании ҷаҳон, ки раҳбари ҷунбиши Удар аст ва рӯзи ҷумъа дар тазоҳурот ширкат дошт, дар тазоҳурои имрӯз ҳузур надошт.
Хабаргузории ЮНИОН-и Укройн гузориш кардааст, ки ӯ дар роҳи бозгашт аз Иёлоти Муттаҳида пас аз ҷашни зодрӯзи духтараш буда, аммо ба ҳавопаймои ӯ ба далели вазъи ҳаво иҷозаи нишастан дар фурудгоҳи Киев дода нашудааст.
Муноқишоти гозӣ
Рӯзи ҷумъа Микола Азаров, нахуствазири Укройн гуфт тасмим дар бораи имзо накардани тавофуқномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо банобар мулоҳизоти иқтисодӣ гирифта шудааст ва як гоми токтикӣ будааст. Ӯ гуфт ин тасмим истротежии рушди Укройнро тағйир нахоҳад дод.
Давлати Укройн мегӯяд ҳамакнун мавзуъи таъсиси кумисиюни муштараки Укройн, Русия ва Иттиҳодияи Урупоро баррасӣ мекунад, ки ҳадаф аз он тавсеъаи равобити байни онҳо аст.
Укройн вобастаи воридоти гоз аз Русия аст, аммо ахиран ширкати русии Газпром шикоят кардааст, ки Укройн натавонистааст пули гозро пардохт кунад.
Хутути гозе, ки аз хоки Укройн мегузаранд, гози Русияро ба бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо интиқол медиҳанд.
Соли 2009 Русия бар асари баҳс дар бораи қимати гоз интиқоли гоз ба Укройнро қатъ кард, ки муҷиби камбуди гоз дар кишварҳои урупоӣ дар нимаи зимистон шуд.
Русия бо кишварҳои Қазоқистон ва Белорус Иттиҳодияи гумрукӣ бунёд кардааст ва аз Укройн даъват кардааст ба он бипайвандад.
Имзои тавофуқномаи тиҷорати озод дар паҳлуи тавофуқномаи мушорикат бо Иттиҳодияи Урупо бадин маънӣ аст, ки Укройн муқаррароти тиҷоратии мутафовит аз Русияро амалӣ хоҳад кард.
Тасмими Киев рӯзи панҷшанбе дар бораи имзо накардани ин тавофуқнома муҷиб шуд, ки Стефан Фюл, масъули тавсеъаи Иттиҳодияи Урупо сафари худ ба Укройнро лағв кунад.
Қарор буд ин тавофуқномаҳо дар нишасти муҳими Иттиҳодияи Урупо ва бархе кишварҳои Шӯравии пешин таҳти номи "Мушорикати шарқӣ", ки рӯзҳои 28 ва 29 ноябр дар Вилнюс баргузор мешавад, имзо шаванд.
