Порлумони Укройн тарҳҳои марбут ба озодии Юлия Тимошенкоро тасвиб накард

  • 21 Ноябр, 2013
Юлия Тимошенко
Image caption Юлия Тимошенко мехоҳад дарди сутуни муҳраҳояшро дар бемористоне дар Олмон дармон кунад

Намояндагони порлумони Укройн пешнависи шаш қонунро, ки иҷозаи раҳо шудани Юлия Тимошенко, раҳбари зиндонии мухолифинро медоданд, тасвиб накарданд. Ин амр боъиси аз байн рафтани умедвории Киев барои тавофуқи тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи Урупо шудааст.

Ин қавонин дар сурати тасвиб ба хонуми Тимошенко иҷоза медоданд барои дармон ба хориҷи Укройн сафар кунад.

Иттиҳодияи Урупо имзои тавофуқномаи мушорикат бо Укройнро машрут ба озод кардани хонуми Тимошенко кардааст.

Аммо Укройн таҳти фишори шадиди Русия қарор дорад, то ин тавофуқномаро имзо накунад.

Русия аз Укройн мехоҳад ба Иттиҳоди гумрукӣ, ки илова бар Русия Қазоқистон ва Белорус узви он ҳастанд, бипайвандад. Русия ин иттиҳодро навъе рақиб бо Итиҳодияи Урупо медонад.

Шаш тарҳи пешниҳодшуда натавонистаанд раъйи кофии намояндагонро ба даст биёранд, зеро намояндагон аз Ҳизби Манотиқ, ки ҳизби ҳокими Виктор Янукович, раиси ҷумҳур аст, аз онҳо ҳимоят накардаанд.

Намояндагони мухолиф дар порлумон дар посух ба ин рафтори намояндагони ҳизби ҳоким шиъори "шармандагӣ" додаанд.

Юлия Тимошенко замони ҳафтсолаи маҳкумиятро дар зиндон сипарӣ мекунад. Ӯ ба иттиҳоми суиистифода аз вазифа дар ҷараёни имзои қарордоди хариди гоз аз Русия маҳкум ба зиндон шуд.

Иттиҳодияи Урупо гуфтааст, муътақид аст, ки иқдомоти қазоӣ дар муқобили хонуми Тимошенко ангезаи сиёсӣ дорад.

Хонуми Тимошенко аз мақомоти Укройн хостааст ӯро ба бемористоне дар Олмон интиқол диҳанд, то битавонад дарди музмини сутуни фақароташро дармон кунад.

Иттиҳодияи Урупо тақозо кардааст ӯро озод кунанд ва имзои тавофуқоти мушорикат ва тиҷорат бо Укройнро машрут ба иҷрои ин тақозо донистааст. Қарор аст ин аснод дар нишасти Иттиҳодияи Урупо дар шаҳри Вилнюс ба торихи 28 ноябр имзо шаванд.

Матолиби муртабит