Мамонеъати маъмурони амниятӣ аз эътирози пайвандони маҳбусон
Image copyrightBBC World ServiceШуморе аз пайвандони афроди маҳбус дар зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе мегӯянд, ки маъмурони амниятӣ шаби гузашта онҳоро ҳадафи фишору таъқиб ва озору азият қарор дода ва водор кардаанд, ки аз ширкат дар як гирдиҳамоии эътирозӣ худдорӣ кунанд.
Пайвандони маҳбусон қаблан ба расонаҳо гуфта буданд, ки рӯзи шанбеи аввали феврал дар эътироз ба шиканҷаи шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ва андохтани онҳо ба селулҳои инфиродӣ дар муқобили сохтмони зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе таҷаммуъи эътирозӣ барпо хоҳанд кард.
Аммо қабл аз зуҳри имрӯз танҳо ду нафар аз пайвандони Ҳамза Икромзода, зиндоние, ки моҳи сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи як кушта шуд, дар наздикии зиндон ҳозир шуданд.
Пайвандони зиндониёни дигар хабар доданд, ки шаби гузашта маъмурони амниятӣ вориди манозили онҳо шуда, бо таҳдиду иръоб онҳоро ҳушдор додаанд, ки дар гирдиҳамоии эътирозӣ ширкат накунанд.
Маҳмуроди Одина, падари як маҳбуси шоҳиди марги Ҳамза Икромзода, ки раиси созмоне маданӣ барои мубориза бо шиканҷа аст, низ аз озору азияти маъмурони амниятӣ дар шаби гузашта хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳе аз маъмурони амниятӣ ба манзили ӯ дар ноҳияи Ҳисор юриш бурда ва модар ва бародарашро мавриди бозпурсӣ ва озору азият қарор додаанд. Оқои Одина мегӯяд, ки худи ӯ бо ҳамсар ва фарзандонаш шабро баночор дар маҳалли дигаре рӯз кардааст.
Зимнан, рӯзи шанбе, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, теъдоди 30 нафар аз маъмурони амниятӣ ва пулис барои муқобала бо гирдиҳамоии эҳтимолии пайвандони маҳбусон дар наздикии зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе ба ҳоли омодабош даромада буданд.
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки маъмурони амниятӣ ва пулис аз фаъъолияти хабарнигорон дар маҳал монеъ шуда ва аз ҷумла иҷозаи акс ва филмбардориро надодаанд. Гуфта мешавад, иддае аз маъмурон дар наздикии дарвозаи зиндон бо худ силоҳ ҳамл мекарданд.
Тайи солҳои ахир аз мавориди зиёди шиканҷа ва кушта шудани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон гузориш шудааст. Дар авохири соли гузашта видеуе дар сойти Ютюб мунташир шуд, ки дар он шуморе аз зиндониён андомҳои шиканҷашудаи худро нишон дода ва мегуфтанд, ки онҳо чигуна шиканҷа шудаанд.
Аммо мақомоти тоҷик ба ҷойи таҳқиқ ва муҷозоти омилони шиканҷа ҳамвора вуҷуди ин ҷурмро такзиб карда ва зиндониёнеро, ки аз шиканҷа лаб мегушоянд, муҷозоти бештар кардаанд.
Барои нахустин бор нест, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон аз ҳамоишҳои эътирозӣ дар наздикии зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе, маҳалле наздик ба иқоматгоҳи раисҷумҳур, ҷилавгирӣ мекунанд.
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон барои иҷоза надодан ба гирдиҳамоиҳои эътирозии мусолиматомез аз сӯи мардум ва нақзи озодии баён ҳамвора интиқод кардаанд.
