Интиқоди Эътилофи зидди шиканҷа аз марги Умедҷон Тоҷиев дар маҳбас

  • 21 Январ, 2014
Ноҳияи Исфара Image copyrightBBC World Service
Image caption Умедҷон Тоҷиев дар моҳи октябр дар ноҳияи Исфара боздош шуд

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷаи Тоҷикистон бо пахши як баёния марги Умедҷон Тоҷиев, фаъъоли Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро шадидан маҳкум карда ва аз мақомоти давлатӣ дархости расидагии фаврӣ ба ин қазияро кардаанд.

Умедҷон Тоҷиеви 34 сола, сокини ноҳияи Исфараи вилояти Суғд баъд аз зӯҳри якшанбеи 19 январ, дар бемористони боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд даргузашт.

Дар ин баёния, ки рӯзи сешанбеи 21 январ пахш шудааст, дархсот шудааст, ки ҳамзамон бо расидагӣ ба ин қазия, ҷо доштани истифода аз шиканҷа дар миёни кормандони пулиси ноҳияи Исфара низ тақиқ шавад.

Масъулони созмонҳое, ки ба ин эътилоф шомил мешавад, аз давлат тақозо кардаанд, ки итминон барои ифшои ҳуввияти муқассирони марги Умедҷонро диҳанд.

Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки ба таври муназзам ба хешу пайвандони Умедҷон аз ҷараёни таҳқиқоти ин воқеъ иттилоъ дода шавад.

Ва масъулони ин созмонҳо аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар чанд соли ахир, аввалин мавриди даст задани маъмурони интизомӣ ба истифода аз шиканҷа набудааст.

Дар идомаи баёния ассомии афроде оварда шудааст, ки гуфта шуда дар боздошгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон бар асари эъмоли шиканҷа алайҳи онҳо ҷон додаанд. Аз ҷумла Ҳамза Икромзода, Баҳромиддин Шодиев, Исмоъил Бачаҷонов ва чаҳор нафар дигаре, ки волидони онҳо барои шиканҷа шудани онҳо ба додгоҳҳо аз маъмурони пулис ва зиндонҳо шикоят бурда буданд.

Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз 30 октябри соли гузашта ба иттиҳоми "итоъат накардан ба амри корманди пулис" боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум карда буд.

Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон баъди чор рӯзи боздошти ӯ дар бораи талоши нофарҷом барои фарор аз ошёнаи сеюми боздоштгоҳ тавассути панҷара ва шадидан захмӣ шудани вай хабар дода буданд.

Вале намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гуфта буданд, ба хотири эътироф кардани “иттиҳоми ворида” Умедҷон Тоҷиев мавриди лату кӯб қарор гирифта ва водор шудааст, худро аз ошёни сеюми идораи умури дохилаи ноҳияи Исфара парт кунад.

Ҳамчунин шоҳидони айнӣ ва вукалои мудофеъи Умедҷон гуфтаанд, ки осори лату кӯб ва шиканҷа дар бадани ӯ мушоҳид шудааст.

Дар моҳи ноябр Созмони Авфи Байналмилал (Amnesty International), яке аз созмонҳои муътабири ҳуқуқи башари ҷаҳонӣ бо пахши баёния аз вазъи нигаҳдории Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.

Ҳамчунин Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба Додситони кулли Тоҷикистон аз муносибати номатлуби маъмурони пулиси ноҳияи Исфара шикоят бурда буд, аммо ин ниҳод ба шикояти оқои Кабирӣ посухи рад дода буд. Соҳибназарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд агар дар он замон масъулони додситонӣ ба ин қазия расидагӣ мекарданд, Умедҷон аз марг наҷот меёфт.

Матолиби муртабит