Нигаронии Авфи Байналмилал аз сарнавишти Умедҷон Тоҷиев

  • 29 Ноябр, 2013
Amnesty International
Image caption Авфи Байналмилал аз вазъи Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд ибрози нигаронӣ кардааст

Созмони байналмилалии Авфи Байналмилал (Amnesty International) аз вазъи нигаҳдории Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст.

Ин баёния, ки рӯзи панҷшанбеи 28 ноябр дар сойти интернетии ин созмон мунташир шуд, аз набудани имкони дидори хонаводаи оқои Тоҷиев бо ӯ интиқод мекунад.

Дар ин баёния аз қавли пайвандони Умедҷон Тоҷиев таъкид шуда, ки ин узви ҲНИТ дар боздоштгоҳ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст. Гуфта шудааст, ки ӯ дар заминаи дастрасӣ ба вакили мудофеъаш ва дарёфти кумаки беҳдоштӣ бо маҳдудиятҳо рӯбарӯ будааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ ҳафтаи гузашта натавонистааст дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо Умедҷон Тоҷиев, ин узви фаъъоли ҳизби худ мулоқот кунад. Масъулони боздоштгоҳ далели ин амрро ба “бемор будани раиси ин ниҳод” марбут хонданд.

Оқои Тоҷиев ба занни ташкили созмони ҷинойӣ боздошт шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Бино ба иттилоъи сойти “nahzat.tj”, Муҳиддин Кабирӣ рӯзи панҷшанбеи 21 ноябр дар рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара аз хонаводаҳои Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзои ҲНИТ, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебаранд, дидан карда ва гуфтааст, “ҲНИТ барои ҳимоя аз Зуҳур ва Умедҷон аз ҳама имкониятҳо дар чорчӯби қонун истифода хоҳад кард.”

Бино ба иттилоъи сойти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, сокини рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфара рӯзи панҷшанбеи 30 октябр ба ҷурми ҳуқуқвайронкунии маъмуурӣ, яъне, “итоат накардан ба амри корманди пулис” боздошт шуда ва додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Ин манбаъ навиштааст, пас аз се рӯз бар асоси нишондоди маҳбусон Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев додситони шаҳри Исфара дар қиболи оқои Тоҷиев ба иттиҳоми “таъсиси созмони ҷинойӣ” парванда боз кардааст.

Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Умедҷон Тоҷиев “бо мақсади фирор" аз ошёнаи сеюми Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён ҷаҳида ва пойи чапи худро шикастааст ва кормандони пулис сипас ӯро ба бемористон мунтақил кардаанд.

Ин манбаъ гуфт, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дастур додааст, дар иртибот ба ин ҳодиса дар қиболи кормандони бахши пулиси шаҳри Исфара бозрасии хизматӣ анҷом шавад.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдати мухолифи давлати Тоҷикистон дар авоили моҳи ҷорӣ бо судури як баёния боздошти Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли ҲНИТ дар ноҳияи Исфараро қазияи сиёсӣ унвон карда ва аз мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тақозо карда буд, то ин қазияро “одилона таҳқиқу тафтиш” кунад.

Ҳамчунин, ҲНИТ аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хост, аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва беадолатиҳо дар рафти бозрасӣ ҷилавгирӣ кунад.

Матолиби муртабит