Афви Байналмилал: Бо коргарони муҳоҷир дар Қатар ҳамонанди ҳайвон рафтор мешавад

Созмони Афви Байналмиллал бо интишори гузорише гуфтааст, ки бахши сохтмонсозии Қатар бо баҳракашӣ аз коргарони муҳоҷир аз онҳо дар иҷрои пружеҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 истифода мекунад.
Бар асоси гузориши Афви Байналмиллал бисёре аз ин коргарон дар шароити кории бисёр хатарнок ва вазъияти маскани бисёр бад зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин ниҳоди ҳуқуқибашарӣ ба ин коргарон ағлаб барои моҳҳо дастмузде пардохт намешавад.
Афви Байналмиллал дар ин гузориш ҳамчунин гуфтааст, ки яке аз мудирони пружеҳои сохтусоз аз ин коргарон ба унвони "ҳайвон" ном бурдааст.
Ҳарчанд мақомоти қатарӣ дар мавриди ин гузориши Афви Байналмиллал то кунун изҳори назаре накардаанд, аммо пештар гуфта буданд коргароне, ки дар ҳоли кор бар рӯи пружеҳои Ҷоми ҷаҳонӣ ҳастанд дар шароити хубе қарор доранд.
Афви Байналмилал шароити бади феълии коргаронро ношӣ аз адами сиёсатҳои муносиб барои ҳифозат аз нерӯи кор дар ин кишвар унвон кардааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки барои таҳияи ин гузориш бо 210 коргар, корфармо ва мақомоти давлатӣ гуфтугӯ кардааст.
Ин гузориш ҳамчунин шомили шаҳодати коргарони неполӣ аст, ки барои ширкате кор мекарданд, ки дар пружеҳои сохтмонсозии Ҷоми ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад.
Ин коргарон гуфтаанд, ки бо онҳо "ҳамонанди гӯсфанд" рафтор шуда ва маҷбур буданд ҳафт рӯзи ҳафта ва рӯзона то 12 соъат кор аз ҷумла дар тобистонҳои бисёр гарми Қатар кор кунанд.
Афви Байналмиллал ҳамчунин дар бахши дигаре аз гузориши худ гуфтааст, ки бархе аз ин коргарони муҳоҷир дар сурати ҳозир нашудан бар сари кор бо ҷаримаҳои нақдӣ ва ихроҷ аз кишвар рӯбарӯ буданд.
Дар ин гузориш ба бистарӣ шудани беш аз 1000 коргар ба далели суқут аз баландӣ дар ҳини кор ишора шудааст.
Салил Шеттӣ, дабири кулли Афви Байналмиллал дар ин бора гуфтааст: "Ёфтаҳои мо ба сатҳи ҳушдордиҳандае аз баҳракашии коргарон расидааст."
Ба гуфтаи оқои Шеттӣ "ФИФА вазифа дорад то дар мавриди нақзи ҳуқуқи башари коргароне, ки дар пружеҳои сохтмонии марбут ба Ҷоми ҷаҳонӣ фаъолият доранд, вокуниши қотеъе нишон диҳад."
