Додситонии кул дархости Кабирӣ барои таҳқиқи шиканҷаи Тоҷиевро рад кард

  • 11 Январ, 2014
Муҳиддин Кабирӣ
Image caption Додситонии кул дархости оқои Кабирӣ барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони пулисро рад кардааст

Додситонии кулли Тоҷикистон шикояти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, дар мавриди боздошт ва шиканҷаи як узви ин ҳизб аз сӯйи маъмурони пулисро рад кардааст.

Оқои Кабирӣ, ки узви порлумон аст, қаблан ба додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди шиканҷаи Умедҷон Тоҷиев, як узви ҳизби наҳзати исломӣ, дар авохири моҳи октябри соли гузашта дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, шикоят бурда буд.

Дар шикояти худ оқои Кабирӣ аз додситонӣ хоста буд, ки алайҳи муъмурони пулисе, ки дар шиканҷаи узви ин ҳизб даст доранд, парванда боз шуда ва онҳо муҷозот шаванд, аммо додситонии кул дар посухи расмии худ ба шикоятии оқои Кабирӣ ҷавоби рад додааст.

Додситонӣ дар посухи расмии худ гуфта, ки кормандони пулиси ноҳияи Исфара тибқи қонун амал кардаанду нисбат ба Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, шиканҷа раво надидаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад шуд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз табақаи сеюми сохтмони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исфара ба берун андохта ва пояш шикастааст. Аммо пайвандон ва вакили мудофеъи ӯ ин иддаъоро рад карда ва мегӯянд, ки ӯ дар асари шиканҷаи пулис худро ба берун андохтааст.

Додситонӣ алайҳи оқои Тоҷиев ва ду сокини дигари деҳаи Чоркӯҳ ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои теруристӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тайи солҳои ахир аз мавориди зиёди шиканҷа ва куштаву маҷрӯҳ шудани боздоштиён дар асари он дар Тоҷикистон гузориш шуда, вале мақомот ҳамвора даст доштани худ дар шиканҷаро рад кардаанд.