Маҳкумияти дубораи як маъмури пулис ба зиндон барои эъмоли шиканҷа
Додгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, як маъмури пулисро барои истифода аз шиканҷа аалйҳи як фарди ноболиғ барои ҳафт сол маҳкум ба зиндон кард.
Ин додгоҳ ҳукми қаблии догоҳи ноҳияи Ёвонро, ки ин парвандаро тибқи моддаи 243-и қонуни кайфарии Тоҷикистон бо маҳкумияти сабуктар баррасӣ карда буд, лағв кардааст.
Тавре ки Гулчеҳа Раҳмонова, ҳамоҳангсози барномаҳои маркази дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак, як созмони мустақил дар Тоҷикистон, мегӯяд ин бор додгоҳ Машраб Алиевро бар асоси моддаи 243, ки даҳ сол маҳкумият ба ҳабсро пешбинӣ мекунад, муҳокима кардааст.
Хонум Раҳмонова рӯзи панҷшанбеи 12 декабр ба Би-би-сӣ гуфт баъд аз муҳокимаи аввал, вакили мудофеъи фарди ноболиғ хостори барарсии дубораи парванда шуда буданд.
Вай афзуд, ки вакили мудофеъи маркази онҳо муъайян карда, ки ин маъмури пулис барои муттаҳам кардани кӯдак аз шоҳидони тақаллубӣ низ истифода кардааст. Баъд аз муҳокимаи дубора додгоҳ ҳукми худро рӯзи чаҳоршанбеи 11 декабр эълом кардааст.
Гуфта мешавад ин корманди пулис рӯзи 29 июни соли 2012 Хушвақт Маҳмадсаидов, як навҷавони 16-сола дар ноҳияи Ёвонро, ба занни дуздии як телефуни ҳамроҳ боздошт ва шиканҷа кардааст. Гузориш шуда буд, ки баъд аз шиканҷа кӯдак қасди худкушӣ кардааст.
Ахиран мавориди ба додгоҳ кашида шудани маъмурони интизомӣ ба иттиҳоми шиканҷа афзудааст. Ду ҳафта қабл додгоҳе дар Душанбе масъулони пулисро барои шиканҷа 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
