Кумаки давлат ба навзоде, ки садҳазорумин сокини ноҳияи Хуросон шуд
Image copyrightBBC World ServiceВолидони кӯдаке, ки ба унвони садҳазорумин сокин дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабти ном шуд, бо пешниҳоди масъулони давлатӣ исми ӯро Хуросон мондаанд.
Хуросон Алимардонов дар рӯзи аввали ба дунё омадани худ зиндагии иҷтимоъии хонаводаи худро аз фақру нодорӣ берун кашид. Гуфта мешавад, ки қаблан ин хонавода зиндагии чандон мураффаҳе надоштааст.
Масъулони ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Хуросон бо хонаводаи тифли навзод ҳадоё ва кумакҳои молӣ ироа додаанд. Бархе аз тоҷирон, масъулини корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусиер низ, ки дар ин ноҳия фаъъолият мекунанд, ба ин хонавода кумакҳои молӣ ва ғазоӣ карданд.
Масъулони Идораи сабти аҳволи шаҳрвандӣ дар ноҳия барои Хуросон Алимардонов шиносономаи вижае бо ранги сурх тақдим кардаанд.
Нуринисо Почоқулова, муъовини раиси ноҳияи Хуросон, гуфт, ки ба номи садҳазорумин сокини ноҳия, Хуросон Алимардонов дар бонк суратҳисоби вижае низ боз шуда ва қарор аст дар зудтарин фурсат тамоми корхонаҳои давлатӣ, ки дар ноҳия фаъъолият мекунанд, ба ин суратҳисоб маблағеро ворид кунанд.
Хуросон Алимардонови кучулӯ танҳое кӯдаке дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон нест, ки дар рӯзи аввали таваллуд ба ҷуз аз шодии зиёд шудани аъзои хонавода вазъи молии волидонашро низ беҳбуд мебахшад.
Нуринисо Почоқулова гуфт, ки дар ин ноҳия соли 2010 модаре дар як зоимон ҳамзамон се тифлро ба дунё оварда буд, ки давлат барои волидонаш як манзили маскуниро ба унвони ҳадя ихтисос дод.
Дар ҳамин ҳол, аз бемористони маказии вилояти Хатлон гуфтанд, ки соли ҷорӣ модарони се хонаводаи хатлонӣ ҳамзамон се кӯдак таваллуд кардаанд, аммо дар мавриди кумакҳои молӣ ва ё тахсиси манозили маскунӣ ба чунин волидон иттилоъе надоранд.
Дар даврони Шӯравӣ низ модароне, ки ҳамзамон аз ду кӯдак бештар ба дунё меоварданд, аз имтиёзоти вижаи молӣ бархурдор мешудаанд.
