Чаримаи як филмсози чинӣ ба хотири серфарзандияш

  • 10 Январ, 2014

Як филмсози маъруфи чинӣ ба хотири доштани фазандони зиёд 1,2 милюн дулори омрикоӣ ҷарима шудааст.

Ҷоно Иму, филмсози маъруфи Чин, ки филмҳои пурбинандаи ”Хонаи чоқуҳои паранда” ва “Қаҳрамон”- ро сохтааст, барои таваллуди баччаи сеюмаш ба будҷеи Чин ҷаримаи ҳангуфте пардохт кардааст.

Пардохти ҷарима аз ин филмсози маъруф замоне хоста шуд, ки ӯ ва ҳамсараш дар бораи тавваллуди фарзанди севуми худ хабар доданд. Дар гузашта дар матбӯъоти Чин хабаре мунташир шуда буд, ки Ҷоно аз ду ҳамсараш ҳафт фарзанд доштааст, аммо ин филмсоз ин хабарро бепоя хонда буд.

Филмҳои сохтаи Ҷоно борҳо дар ҷашнвораҳои синемои ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда ва берун аз кишвараш бинандагони зиёде доранд. Ӯ барои филмҳояш аз ҷумла ҷоизаи “Ускор”-ро гирифтааст. Ба хонаводаи Ҷоно барои пардохти ҷарима се рӯз муҳлат дода шудааст.

Чин моҳи декабри соли гузашта бо иҷроӣ кардани қонуне барои доштани беш аз як фарзанд ба хонаводаҳо иҷоза дода, аммо даҳаи 1970 Чин барои муқобала бо афзоиши сареъи ҷамъияти ин кишвар доштани аз як фарзанд зиёдро мамнӯъ карда буд.