Пулиси рус ду зани тоҷику узбакро ба занни фурӯши навзод боздошт кард

  • 11 Март, 2014
Занони тоҷику узбакImage copyrightBBC World Service
Image caption Яке аз ин занон, ки 21-сола аст, кӯдаки навзоди худро ба фурӯш монда ва дувумин ба ӯ кумак кардааст

Кормандони пулис дар шаҳри Сан-Питерзбурги Русия ду зан аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонро ба занни фурӯши навзоде боздошт кардаанд.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Русия, ки рӯзи сешанбеи 11 март пахш шуд, ду зан қасд доштанд, ки кӯдаки яке аз онҳоро ба маблағи 25 ҳазор рубли русӣ (муъодили ҳудуди як ҳазор дулор) ба фурӯш гузоранд.

Тавре ки дар ин хабар омадааст, яке аз кормандони пулиси ноҳияи Красногвардейски шаҳри Сант-Питерзбург ба унвони харидор бо ин ду зан мулоқот карда ва замоне ки онҳо ин маблағро тақозо мекунанд, онҳоро боздошт кардаанд.

Пулиси рус ҳувияти ин ду занро ифшо накарда, вале мегӯяд, ки яке аз ин занон 28 сол дошта ва модари кӯдак 21-сола буда ва ҳар дуи онҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна будаанд. Яке аз ин занон, ки 21-сола аст, кӯдаки навзоди худро ба фурӯш монда ва дувумин ба ӯ кумак кардааст.

Ин дар ҳолест, ки иддае аз расонаҳои Русия зимни пахши ин хабар навиштаанд, ки яке аз ин занон шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ҳамчунин, модари кӯдак аз ҷумлаи шаҳрвандони Узбакистон буд ва ҳар дуи онҳо чанд сол қабл барои ҷустуҷӯйи кор ба шаҳри Сан-Питерзбург рафтаанд.

Кормандони вазорати умури дохилаи Русия аксҳои ҳар ду занро дар интернет мунташир карда ва аз сокинон даъват кардаанд, ки дар сурати доштани иттилоъ дар бораи даст доштани ин ду зан дар ҷароими дигар ба пулис хабар диҳанд.

Пулиси рус мегӯяд барои бори нахуст нест, ки занон аз ҷумлаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ба иттиҳоми фурӯши кӯдак боздошт мешаванд. Дар авоили соли ҷорӣ кормандони пулис як модар ва духтари ӯро, ки сокинони Узбакистон будаанд, ба занни фурӯши навзоде боздошт карда будаанд.

Ин ду зан қасд доштанд кӯдаки худро ба маблағи 80 ҳазор рубли русӣ, ки муъодили беш аз ду ҳазор дулор аст, бифурӯшанд. Қонуни кайфарии Русия барои ин ҷурм, яъне фурӯши инсон то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар солҳои ахир шумори зиёде аз сокинон аз ду кишвари Осиёи Миёна, Тоҷикистон ва Узбакистон, барои таъмини хонаводаҳои худ барои ҷустуҷӯйи корҳои доимӣ бо маъоши бештар ба шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия муҳоҷир шудаанд.

Матолиби муртабит