Як хонаводаи тоҷик аз Русия ихроҷ шуд
Як хонаводаи тоҷик, иборат аз зану шавҳар, модари зан ва панҷ фарзандашон аз вилояти Калинингради Русия ихроҷ шудааст.
Идораи иҷрои ҷазо дар додгоҳи ин вилоят далели ин амрро буду боши ғайриқонунии ин хонаводаи тоҷик хондааст.
Масъулони ин идора ба рӯзномаи “Комсомолская правда”-и Русия гуфтаанд, ки атбоъи тоҷик муҷаввизи муваққатии корро дарёфт карда, аммо пас аз поёни муддати муҷаввиз аз бозгашт ба Тоҷикистон саркашӣ кардаанд.
Ҳамчунин, ба далоили мушобеҳ 6 шаҳрванди Узбакистон низ аз Калининград ихроҷ шудаанд.
Тибқи қавонини Русия, афроди ихроҷшуда дар муддати панҷ соли оянда ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.
