Хатари ихроҷ 400 ҳазор тоҷикро дар Русия таҳдид мекунад
Image copyrightBBC World ServiceИдораи муҳоҷирати Вазорати кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон мегӯяд, ки имкон дорад 400 ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик, ки муқаррароти муҳоҷирати Русияро нақз кардаанд, аз ин кишвар ихроҷ шаванд.
Анвар Бобоев, раиси ин идора, рӯзи чаҳоршанбеи 12 феврал дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ҳатто дар сурати ихроҷ нашудан ин афрод пас аз бозгашт ба ватан ба муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи вуруд аз Русия маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, бино ба иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, ба чунин вазъ танҳо муҳоҷирони тоҷик мувоҷеҳ набуда, беш аз 500 ҳазор табаъаи Укройн ва 900 ҳазор шаҳрванди Узбакистон низ дар маърази хатари ихроҷ ва мамнӯъулвуруд шудан дар Русия қарор доранд.
Оқои Бобоев гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз ин вазъият муҳоҷирони тоҷик қабл аз сафар ба Русия бояд омода бошанд, тахассуси мушаххас дошта ва ба забони русӣ хуб суҳбат кунанд.
Зимнан, дар иҷлоси имрӯзи порлумони Тоҷикистон Прутукул дар бораи ислоҳи Мувофиқатномаи Тоҷикистон ва Русия дар мавриди фаъъолияти корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи атбоъи ду кишвар дар ҳудуди ҳамдигар баррасӣ ва тасвиб шуд. Ин мувофиқатнома рӯзи16 октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда буд.
Ин прутукул рӯзи сешанбеи 29 октябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби Константин Ромодановский ва Сафиулло Девонаев, руасои идороти муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон, имзо шуда, тибқи ин санад муддати иҷозаи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз 1 сол то ба 3 сол тамдид шудааст. То ҳол муҳоҷирони кории тоҷик пас аз 1 сол аз Русия хориҷ мешуданд.
Ин санадҳои ҳуқуқӣ ба Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи муҳоҷирати корӣ рабт мегирад, ки дар ҷараёни дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд.
Ба ҳангоми баррасии ин санади ҳуқуқӣ намояндагони порлумон ба мавзӯъи касбомӯзии муҳоҷирони корӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ин афрод дар Русия таъкид карданд.
Аз ҷумла, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки Вазорати кор, муҳоҷират ва иштиғоли ин кишварро лозим аст бо ҷониби Русия масоили марбут ба омӯзиши тахассусии муҳоҷирон, бимаи беҳдоштӣ ва бознишастагии ин афродро баррасӣ ва дар ин замина санади ҳуқуқӣ имзо кунад.
Ба гуфтаи оқои Зуҳуров, ҳамакнун ҳунаристонҳо тобеъи ин вазорат шуда ва дар онҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик тахассусҳои барои Русия зарурӣ омӯзиш дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Сумангул Тағоева, вазири кор, муҳоҷират ва иштиғоли Тоҷикистон, гуфт, ки дар соли гузашта ҳудуди 800 ҳазор тан аз атбоъи тоҷик аз тариқи гузаргоҳҳои марзӣ аз ин кишвар хориҷ шуда ва 642 ҳазор нафар ба ватан баргаштаанд.
Ба гуфтаи хонуми Тағоева, 90 дарсади муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки Идораи муҳоҷирати Русия теъдоди атбоъи тоҷикро, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар авохири соли гузашта як милюну 60 ҳазор нафар арзёбӣ карда буд.
Бархе аз коршиносон нақши сармояи интиқолии муҳоҷирони кориро дар иқтисоди Тоҷикистон калидӣ хонда ва гуфтаанд, ки дар соли гузашта аз ҷониби муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар ҳудуди 4 милёрд дулор ворид шудааст, ки 47 дарсади тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
