Боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистон ба занни ғоратгарӣ дар Русия

  • 10 Март, 2014
Муҳоҷирони тоҷикImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар Русия беш аз як милюн нафар аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба сар мебаранд

Вазорати умури дохилаи Русия аз боздошти аъзои як гурӯҳи ҷиноии минтақавӣ ба занни ғоратгарӣ дар он кишвар хабар додааст.

Пулиси рус мегӯяд, ки чор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумлаи аъзои ин гурӯҳ будаанд , ки дар вилоёти Маскав ва Свердловски Русия даст ба ғорати ҳамлкунандагони пули нақд мезадаанд.

Бар асоси иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас кардааст, ки ин афрод даст ба ғорати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Куриё низ задаанд.

Кормандони пулиси Русия ҳуввияти ин шаҳрвандонро мушаххас накардаанд, вале мегӯянд, ки ин чор фард аз 26 то 31-сол доштаанд ва пулис ҳоло машғули мушаххас кардани даст доштани афроди боздоштшуда дар ҷиноёти дигаре ҳамгун дар ин минтақа будааст.

Аз сӯйи дигар, бар асоси иттилоъи Додситонии Русия, додгоҳе дар вилояти Пензаи он кишвар як шаҳрванди Тоҷикистонро барои чор солу 6 моҳ равонаи зиндон кардаст.

Бино ба иттилоъи ин манбаъ, ин сокини Тоҷикистон дар сонеҳае муқассир дониста шудааст, ки бар асари он панҷ нафар аз сокинони Русия дар ин вилоят ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, додгоҳ ин сокини 29-соларо барои се сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумлаи беш аз як милюн нафар аз муҳоҷирони Тоҷикистон будаанд, ки барои ҷустуҷӯйи кор дар солҳои мухталиф ба Русия рафтаанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ танҳо дар соли 2013 ниҳодҳои интизомии Русия ҳудуди 100 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистонро барои нақзи қавонини мухталиф дар Русия аз он кишвар ихроҷ кардаанд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир беш аз панҷ ҳазор тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳое дар Русия ба сар мебаранд, ки шумори бештаре аз онҳо барои қочоқи маводди мухаддир равонаи зиндон шудаанд.

Матолиби муртабит