Боздошти як тоҷикистонӣ ба занни ифротгароӣ дар Русия

  • 16 Январ, 2014

Кумитеи бозҷӯии Русия мегӯяд, ки як шаҳрванди Тоҷикистонро ба занни таблиғи фаъъолияти Ҳизби Таҳрир ва ифротгароӣ дар он кишвар боздошт кардааст.

Тибқи хабари ин ниҳод, ки дар сойти расмии он мунташир шуда, ин сокини 26-солаи Тоҷикистон бар асоси моддаи 282-и қонуни кайфарии Русия, ба таҳрик ва тавҳин ба каромати инсонӣ муттаҳам шудааст.

Ин фард аз сӯйи кормандони маркази вижаи мубориза бо ифротгароии Вазорати умури дохилаи Русия дар вилояти Ярославск боздошт шудааст. Тавре ки таҳқиқоти муқаддамотӣ мушаххас карда, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар интернет навории видеуеро пахш карда, ки дар он даъват ба ҷонибдорӣ аз Ҳизби Таҳрир, як ҳизби мамнӯъ дар қаламрави Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, дида мешавад.

Дар ин навор барангехтани нафрат ва хусумат алайҳи мардумони дигари ҷаҳон, аз ҷумла яҳудиён, русҳо, омрикоиҳо ва инсглисҳо низ ҷо доштааст. Пулиси рус мегӯяд, ки таҳқиқи ин ҷурмро барои муъайян кардани самтҳои дигари фаъъолияти ин фард идома медиҳад.

Дар сурати собит шудани даст доштани ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ифротгарӣ, моддаи 282-и қонуни кайфарии Русия барои таҳрики низоъи мазҳабӣ ва тавҳин ба каромати инсонӣ муҷозоти аз 100 то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё то ду сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар солҳои қаблӣ низ пулиси рус аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба занни таблиғи фаъъолияти Ҳизби Таҳрир ва ифротгароӣ дар он кишвар хабар медод.