Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия 15 рӯз бидуни сабти ном метавонанд иқомат кунанд
Image copyrightBBC World ServiceВазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди "Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" ба иҷро гузошта шудааст.
Дар матлабе дар сойти расмии ин ниҳод рӯзи душанбеи 20 январ омадааст, ҷониби Русия мақомоти тоҷикро дар мавриди ба иҷро даромадани ин тавофуқ, рӯзи 17 январ дар ҷараён гузоштааст.
Бар асоси қонун, ин тавофуқ танҳо баъд аз торихи дарёфти охирин ёддошти катбии дипломутик дар мавриди иҷрои таъҳҳаъудоти ойинҳои дохилии ду ҷониба ба иҷро медарояд.
Тибқи иттилоъи масъулони ин вазорат, тавофуқот дар мавриди "Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" дар моҳи феврали соли 2013 миёни мақомоти зидахли Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Маскав, пойтахти он кишвар имзо шуда буд.
Ин санад баъд аз имзои мувофиқатномаи Тоҷикистон бо Русия дар бораи "Мақом ва будубоши пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон" ба имзо расид. Он иҷоза медиҳад, ки муҳоҷирони тоҷик то 15 рӯз бидуни сабт дар идораи пулис дар қаламрави Русия иқомат кунанд. Қаблан онҳо иҷозаи 7 рӯзаи бидуни сабти иқомат дар Русияро доштанд.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқатномаи Тоҷикистон ва Русия, замони ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистонро то соли 2042, яъне барои ҳудуди 30 сол тамдид кард ва афзун бар он, Русия аз пардохти пули иҷора муъоф ва низомиёни рус аз ҳаққи масуният дар ин кишвар бархурдор хоҳанд буд.
Санади Тоҷикистону Русия дар мавриди "Будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия" дар ҳоле ба ҳукми иҷро даромадааст, ки бисёре аз муҳоҷирон аз хатароти ношӣ аз ихроҷ ва мамнуъ-ул-вуруд шудани худ шикоят мекунанд.
Ҳамчунин бисёре аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия тақвияти муқаррароти ҷадид барои муҳоҷирони хориҷӣ дар он кишвар, аз ҷумла сабти ҷои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ, дарёфти муҷаввизи корро дар замони муқарраршуда барои шаҳрвандони тоҷик мушкил арзёбӣ кардаанд.
Коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ки риъояти ин муқаррарот барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки ҳудуди якуним милюн нафар арзёбӣ мешаванд, мушкил хоҳад буд.
Зеро ба гуфтаи онҳо, бештари тоҷикон дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд ва ба далели надонистани қавонини маҳаллӣ ба тахаллуфоти зиёде даст мезананд. Танҳо дар соли 2013 ба далоили мухталиф сафари беш аз 90 ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик ба Русия мамнуъ шудааст.
Аз ин рӯ соҳибназарон мегӯянд, ки ин ду тавофуқе, ки дар соли гузашта миёни Тоҷикистону Русия ба имзо расид бештар ба суди Русия будааст.
