Боздошти як тоҷик дар Русия ба василаи калуше, ки дар ҷойи сирқат ҷо гузошт
Вазорати умури дохилаи Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ дар он кишвар рӯзи 13 январ ба занни дуздӣ ё сирқат боздошт шудааст.
Ба гуфтаи кормандони пулис, сарнахи аслӣ барои кашфи ин ҷурм калуше будааст, ки ин табаъаи тоҷик дар маҳалли воқеъа ҷо гузоштааст.
Пулиси рус мегӯяд таҳқиқи муқаддамотӣ ҳокист, ки ин ҷавон аз панҷараи манзили яке аз ҳамкорони қаблии худ ворид шуда, сармоя ва пӯшоку амволи дигари манзилро ба сирқат бурдааст.
Дар хабар омадааст: "Аммо ин ҷавон дар ҷараёни дуздӣ кафши зимистонаи соҳиби манзилро пӯшида ва бидуни ҳеҷ тардид калӯшҳои куҳнаи худро он ҷо гузоштааст. Бо ин калӯшҳо ҳувияти шахси мазнун ифшо шуд."
Ҳамчунин пулис мушаххас карда, ки ин сокини Тоҷикистон чаҳор сол боз дар Русия машғули фаъъолиятҳои мухталиф буда ва аз як шаҳр ба шаҳри дигар кӯч мекардааст. Вале дар ҷараёни яке аз чунин сафарҳо гузарнома ва мадорики дигари худро гум карда ва ба хотири мушкилоти молӣ ба ин ҷурм даст задааст.
Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз боздоштгоҳҳо дар вилояти Курск ба сар мебарад ва пулиси рус машғули таҳқиқи эҳтимоли даст доштанаш дар ҷароими дигар будааст.
