Боздошти ҳудуди 50 нафар аз ифротгароёни мазҳабӣ дар соли 2013
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар тӯли соли 2013 ҳудуди 50 нафар аз ифротгароёни мазаҳбӣ дар ин кишварро боздошт кардааст.
Ба гуфтаи муъовини вазири дохила аз миёни ин афрод дар ҷараёни амалиётҳои вижаи пулис боздошт шудаанд, ки 31 нафар аз онҳо дар узвияти Ҷунбиши Исломии Узбакистон қарор доштаанд.
Абдураҳмон Бузмаков, мегӯяд, ки 17 нафар аз афроди боздоштшуда, дар узвият ба гурӯҳи исломгароии мавсум ба "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" муттаҳам буданд.
Ҳамчунин 6 нафари дигар аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи Абдулло Раҳимов, муллақаб ба "Мулло Абдулло" буданд ва онҳо дар содир кардани 12 ҷиноят даст доштаанд.
Ин дар ҳоелст, ки дар ин даврон кормандони пулис ҳудуди 120 нафар аз аъзоёни 14 гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткорро низ ифшо ва боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи пулис ин гурӯҳҳо дар содир кардани беш аз 90 ҷинояти сангин, аз ҷумла, таъсиси гурӯҳҳои ғайриқонунии мусалаҳ ва ҷинояткор, роҳзанӣ ва терурисм муттаҳам будаанд.
Дар соли гузашта беш аз 18 ҳазору 330 ҷинояти мухталиф дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки дар як ҳазору 89 то аз онҳо занон ва духтарон муқассир будаанд.
