Муҷассама барои муҳоҷир: Оё давлат заҳмати ӯро қадр мекунад?

  • 26 Феврал, 2014
муҳоҷиронImage copyrightBBC World Service
Image caption Бар асоси омори мухталиф, ҳамасола ҳудуди 1,5 милюн нафар аз ҷамъияти Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират карда ва ба корҳои ба истилоҳ "сиёҳ" машғул мешаванд

Усмон Солеҳ, сухангӯйи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба бунёди муҷассамаи муҳоҷири корӣ барои тақдир аз фаъъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар ниёзе нест.

Оқои Солеҳ дар вокуниш ба дархости гурӯҳе аз корбарони интернет аз давлат ва порлумони Тоҷикистон барои бунёди муҷассамаи муҳоҷири корӣ гуфт, ки ин пешниҳод "қобили қабул нест."

Вай рӯзи чаҳоршанбеи 26 феврал дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ин амр чандон қобили қабул нест. Ҳарчанд тасмими ниҳоӣ аз сӯи ҳукумати кишвар гирифта хоҳад шуд."

Сухангӯи ҳизби халқи демукрот, ки раҳбароии онро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, афзуд: "Феълан дар кишварҳои ҷаҳон беш аз 200 милюн нафар муҳоҷирон ба сар мебаранд. Кишварҳое назири Эрон ё Туркия, ки содиркунандаи нерӯи корӣ мебошанд, ба чунин коре иқдом накардаанд."

'Арақи ҷабин'

Тайи чанд рӯзи гузашта гурӯҳе аз корбарони интернет ба ҷамъоварии имзо барои пешниҳоди бунёди муҷассамаи муҳоҷири кории тоҷик дар Тоҷикистон машғуланд. Аммо ба назар мерасад, ки ин пешниҳод тарафдорони чандон зиёде пайдо накардааст.

Зери як дархости онлойнӣ аз давлат ва порлумони Тоҷикистон, ки дар сойти Avaaz.org ба сабт расида, аз 21 феврал то кунун ҳамагӣ 110 нафар имзо гузоштаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Солеҳ: "Бунёди муҷассама барои муҳоҷирон қобили қабул нест, аммо тасмими ниҳоиро ба ҳар ҳол ҳукумат мегирад"

Дастандаркорон эълом кардаанд, ки дар сурати ҷамъоварии миқдори кофии имзоҳо, ин пешниҳод ба мақомоти Тоҷикистон ироа хоҳад шуд. Ба гуфтаи онҳо, фаъъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз кишвар боъиси таъмини саботи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон аст ва бунёди муҷассама навъе тақдир аз фаъъолияти муҳоҷирони корист.

Дар матне, ки ба ин дархости онлойнӣ изофа шуда, омадааст: "Муҳоҷири корӣ беш аз ҳар каси дигаре дар Тоҷикистони имрӯз ба ёдгорӣ сазовор аст. Беш аз милюн нафар аз коргарони муҳоҷири мо дар Русия кор карда ва ба хона маболиғе мефиристанд, ки ними тавлидоти нохолиси дохилии моро ташкил медиҳад. Дар ҳеч кишвари дигари дунё чунин нест."

Дар ин мат ҳамчунин омада, ки бидуни пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон милюнҳо нафар дар ин кишвар мумкин буд дастхуши гуруснагӣ шаванд ва мизони фақр метавонист бамаротиб болотар бошад.

Мубтакирони ин дархости онлойнӣ меафзоянд: "Сад дар сад имкон дошт, ки ин вазъ таниши иҷтимоъиро боло бурда ва ба афзоиши ҷурму ҷароим ва ҳатто беназмии умумӣ мунҷар шавад. Мо ҳоло дар як ҷомеъаи нисбатан осудаву ороме зиндагӣ мекунем, ки аз ҳар лиҳоз ба муҳоҷирони кориямон вобаста аст. Онҳое, ки бо арақи ҷабин дар Русия кор мекунанд."

'Агар муҳоҷирон баргарданд...'

Зимнан, бар асоси омори мухталиф ҳудуди 1,5 милюн нафар аз ҷамъияти беш аз ҳаштмилюннафарии Тоҷикистон ҳамасола барои дарёфти машоғил ва ҳуқуқи муносиб озими манотиқи мухталифи Русия мешаванд. Онҳо ҳамасола барои бароварда сохтани ниёзи хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон то 3,5 милёрд дулор интиқол медиҳанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳакимов: "Агар як севуми муҳоҷирон ба ватан баргарданд, дар кишвар рух додани низоъ баъид нест"

Ба гуфтаи манобеъи Бонки Ҷаҳонӣ, пулҳои интиқолии муҳофирони кории тоҷик баробари ҳудуди 50 дарсад аз мизони тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки пешниҳод барои гузоштани муҷассамаи муҳоҷири кории тоҷик дар ин кишвар асосҳои ҷиддӣ дорад, зеро ин афрод ба ҳалли мушкилоти иҷтимоъӣ дар кишвар кумак мекунанд.

Вай афзуд: "Вале ман бар ин назарам, ки давлат барои гузоштани чунин муҷассамае иҷоза нахоҳад дод. Зеро дар ин сурат давлат бесамар будани сиёсати худро эътироф хоҳад кард. Шояд ҳукумати ояндаи Тоҷикистон ба ин мавзӯъ расидагӣ кунад."

Бо ин вуҷуд, оқои Ҳакимов хушбин аст, ки сиришти чунин пешниҳоде метавонад таваҷҷуҳи мақомотро ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик ҷалб созад. Вай муътақид аст, ки "агар сеяки ҳамаи муҳоҷирон ба ватан баргарданд, дар кишвар рух додани низоъ баъид нест."

Зимнан, ҳамасола ҳазорҳо нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик ба далоили мухталиф аз Русия ихроҷ мешаванд ва пас аз муддате барои вуруди дубора ба он кишвар талош мекунанд. Теъдоде аз онҳо бар ивази ҳуқуқи андак ночор мешаванд дар Тоҷикистон машғули кор бишаванд.

'Қаҳрамонони воқеъӣ'

Бо таваҷҷуҳ ба нақши барҷастаи муҳоҷирон дар пешрафти иқтисодии Тоҷикистон бисёриҳо онҳоро "қаҳрамонони воқеъии миллат" мехонанд. Саймуддин Дӯстов, сардабири нашрияи "Нигоҳ", мегӯяд агар Тоҷикистон як қаҳрамони иҷтимоъӣ дошта бошад, пас он муҳоҷири корӣ аст.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Дӯстов: "Муҳоҷирони кории тоҷик воқеъан қаҳрамонанд"

Вай афзуд: "Ба ҳамаи сахтиҳои муҳоҷират ва фишори рӯзафзуни рӯзгору ҳукуматҳои кишварҳои муҳоҷирпазир нигоҳ накарда, муҳоҷирон беш аз 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллиро таъмин карда, заминаи саботи иҷтимоъиро фароҳам меоранд."

Вай муътақид аст, ки агар пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ набуд, фишори иҷтимоъӣ шиддат гирифта ва ҳукумати феълии Тоҷикистон аз саҳнаи сиёсат "барвақт рӯфта мешуд."

Оқои Дӯстов гуфт: "Артиши муҳоҷирони кории тоҷик солона то ҳазор нафар ва дар зарфи 20 соли ахир то 18 ҳазор куштаву ҳалокшуда додаанд, ки аз талафоти ҷонии артиши Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон се ҳазор нафар бештар аст."

Аммо ба гуфтаи вай, давлат ба бунёди муҷассамае барои муҳоҷирони корӣ алоқаманд нест: "Муҳоҷири кории тоҷик қаҳрамон аст, аммо на барои ҳукумати феълӣ. То ҳукумати кунунӣ ҳаст, каҳрамонии онҳо нодида гирифта мешавад."

Дар ҳамин ҳол, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоъии Фейсбук мегӯяд, ки бунёди чунин муҷассамае лозим аст, то ҳар бор "мақомот бинанду димоғашон сӯзад, ки ин дову дастгаҳашон аз пушти кист."

Матолиби муртабит