Боздошти теъдоде зани тоҷик ба занни руспигарӣ дар Русия

  • 6 Март, 2014
ЗанImage copyrightBBC World Service
Image caption Пулиси рус аз боздошти занони тоҷик ба занни руспигарӣ дар шаҳри Самара хабар дод

Вазорати умури дохилаи Русия аз боздошти теъдоде аз занон аз Тоҷикистон ба занни руспигарӣ дар шаҳри Самараи он кишвар хабар дод.

Тибқи хабари ин ниҳод, пулиси рус дар пайи дарёфти шикояти иддае аз шаҳрвандони шаҳри Самара аз заноне, ки машғули ироаи хадамоти ҷинсӣ будаанд, теъдоде занро боздошт кардааст.

Пулиси рус мегӯяд, ки ин занон дар хиёбонҳои наздик ба манозили сокинон машғули кашидани сигор ва нӯшидани машруботи алкулӣ буда ва атрофи хиёбонҳоро касиф мекардаанд.

Дар ҷараёни ин амалиёт кормандони пулис беш аз 10 нафар аз занонро боздошт кардаанд, ки гуфта мешавад дар миёни онҳо иддае аз занон аз Тоҷикистон низ будаанд.

Ҳарчанд дар торнамои расмии Вазорати дохилаи Русия ҳувияти занони тоҷики боздоштшуда дар Русия ифшо нашуда, вале гуфта мешавад, ки ин занон дар хиёбонҳои мавсум ба Гагарина ва Победаи шаҳри Самара боздошт шудаанд.

Ин барои бори нахуст аст, ки пулиси рус аз боздошти занон аз Тоҷикистон ба занни руспигарӣ хабар медиҳад ва ба гуфтаи кормандони пулис синни аксари ин занон аз 25 то 30-сола будааст.

Ҳамчунин, таҳқиқоти пулис мушаххас карда, ки аксари сармояе, ки ин занон аз распигарӣ ба даст меоваранд, ба даллолаҳо ё касоне, ки онҳоро ба руспигарӣ вомедоранд, таъаллуқ мегирад.

Гузориш шуда, ки бархе аз ин занон барои бори дувум ва севум боздошт мешаванд ва дар суҳбат бо пулис аксари онҳо сабаби даст задан ба руспигариро "душвории вазъи иҷтимоъӣ" унвон кардаанд.

Пулиси рус мегӯяд, ки ҳамаи занони боздоштшуда расман машоғил ва ҷойи кори муъайяне надоранд ва кормандони ниҳодҳои интизомӣ асомии онҳоро дар феҳристи вижае сабт кардаанд.

Қонуни Русия барои занони боздоштшуда ба иттиҳоми нақзи қонун пардохти ҷаримаро пешбинӣ кардааст.

Матолиби муртабит