Маҳкумияти се табаъаи тоҷик дар Русия барои фурӯши искиносҳои тақаллубӣ
Додгоҳе дар Русия се шаҳрванди Тоҷикистонро барои фурӯши искиносҳои тақаллубии Бонки Марказии Русия маҳкум ба беш аз ду сол зиндон кардааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии Додситонии Русия, аз 24 январи соли равон, қозии додгоҳ ин се нафарро, ки яке аз онҳо шаҳрвандии Русияро низ доштааст, тибқи моддаи 186-и қонуни кайфарии Русия дар захира, ҳамлу нақл ва фурӯши искиносҳои тақаллубӣ муҷрим донистааст.
Дар ин хибар ҳувияти ин афрод низ ифшо шуда ва Фараҳзода Сулаймонов, Аҳлиддин Зиёдуллов барои 2 сол ва 2 моҳ ва Фирӯз Қурбонов, ки шаҳрванди Русия ҳам ҳаст, барои ду сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Ин афрод тавонистаанд, ки бо искиносҳои тақаллубӣ ба маблағи 5 ҳазор рубл дар яке аз мағозаҳо дар вилояти Брянск маводди ғизоӣ харида ва бақияро бо пули нақд бигиранд. Аммо пулис мегӯяд, ки ҳангоми фурӯши искиноси тақаллубии дувум дар яке аз марказҳои фурӯши телефонҳои ҳамроҳ “сирри онҳо фош шуд” ва бо вуҷуди фирор аз ин макон онҳо аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт шудаанд.
Дар таҳаввули дигаре дар вилояти Аштархони Русия як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми иротикоби қатли се нафар боздошт шудааст. Пулис аз ин фард Аловиддин Суфиев ном бурда ва ӯ дар ду маврид даст ба қатли се нафар задааст. Ҳамчунин пулис яке аз шаҳвандони дигари ҳамдасти ӯро низ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Русия, ки дар як мавриди ҷурм бо ӯ ҳамдаст буда, боздошт кардааст.
