Устондори Хатлон: 'Хидмати содиқона ба ватан ва президент замонати сулҳу сабот аст'
Image copyrightBBC World ServiceКафили устондории Хатлон дар мулоқоте аз мардум даъват кардааст, ки "ба ватан, миллат ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хидмат" кунанд.
Давлатшо Гулаҳмадов дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчунин бо ишора ба вазъи Афғонистон мардумро ҳушдор додааст, ки сулҳ ва сабот дар Тоҷикистонро пойдор нигаҳ доранд.
Вай ба ин нукта дар ҳузури сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дар ҳоле таъкид карда, ки иддае аз раҳбарони ниҳодҳои интизомии вилоят низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.
Ӯ гуфт, ки дар мавзӯъи таъмини сулҳ ва сабот дар кишвар бояд кормандони идораҳои интизомии вилоят бетараф набошанд. Вай гуфт, ки вазъияти кишвари ҳамҷавор Афғонистон бояд барои мардуми тоҷик "дарси ибрат" шавад.
Ҳамчунин оқои Гулаҳмадов гуфт, ки мақомоти кишварҳои зиёди ҷаҳон ба ваъзияти сиёсии Афғонистон, бавижа баъд аз соли 2014, ки неӯҳои НОТУ аз он берун мешаванд, таваҷҷуҳ мекунанд.
Оқои Гулаҳмадов зимни даъват аз мардум барои меҳанпарастӣ гуфт: "Агар ба халқу миллати худ ва ба президенти кишварамон содиқ набошем, вазъияти бади сиёсӣ кишварро фаро мегирад."
Оқои Гулаҳмадов ҳамчунин дар суханронияш аз терури шахсиятҳои маъруф дар Афғонистон ва кушта шудани даҳҳо шаҳрвандони ин кишвар дар инфиҷорҳо ёдовар шуд.
Гуфта мешавад, ки ахиран кафили устондории Хатлон дар бештари ҷаласаҳои корӣ ва мулоқотҳо бо сокинони одӣ дар мавриди пойдории сулҳ дар Тоҷикистон суҳбат мекунад ва ба унвони мисол аз ноамнӣ аз Афғонистон, кишвари ҳаммарзи Тоҷикистон, ёдовар мешавад.
Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ҳамчунин дар қаламрави вилояти Хатлон гузаргоҳе бо он кишвар вуҷуд дорад, бояд мардум дар минтақа нисбат ба авзоъ дар Афғонистон бетафовут набошанд.
Мақомоти Тоҷикистон аз бурузи ноамнӣ башиддат нигаронанд ва ҳамвора аз авоқиби ҷанги дохилии панҷсола дар солҳои 1992-1997 ёдовар шудаанд. Мухолифон мегӯянд, ки ҳадаф аз ин ҳушдорҳо кунтрули афкори мардум ва саркӯби норизоятӣ ва эътирозҳои эҳтимолӣ дар Тоҷикистон аст.
Аз ин гузаргоҳ, ки дар ҷануби Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ воқеъ аст, маъмулан маҳсулоти сохтмонӣ ва маводди ғизоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад.
