Шаҳрдории Қурғонтеппа барои сохтмони як таҳвилгоҳ замин ҷудо кард
Image copyrightBBC World ServiceШаҳрдории Қурғонтеппа, дар ҷануби Тоҷикистон, барои сохтмони таҳвилгоҳе дар ҳумаи ин шаҳр қитъае замин ихтисос додааст.
Қарор аст идораи сохтмони вилояти Хатлон ба сохтмони ин таҳвилгоҳ шурӯъ кунад.
Таҳвилгоҳ ё муассисаи вижа барои афроде дар назар гирифта шудааст, ки макони зисташон маълум нест ва пулис ба хотири ислоҳ шудан ва ё бозҷӯӣ онҳоро дар онҷо нигоҳ медорад.
Чанд сол қабл созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин вилоят гуфта буданд, ки бояд дар ин шаҳр таҳвилгоҳе сохта шавад, аммо дархости онҳо зоҳиран ба гӯши шаҳрдорӣ нарасида буд.
Шариф Самӣ, шаҳрдори Қурғонтеппа, гуфт, ки бахши вазорати умури дохилии вилоят дар мавриди тахсиси қитъаи замин барои сохтмони таҳвилгоҳ борҳо ба шаҳрдорӣ муроҷиъат кардааст.
Оқои Самӣ гуфт, ки онҳо мехоҳанд ин таҳвилгоҳ дар шаҳр бо тарҳи мудерн ва бо шароити фаннӣ сохта шавад ва афроде, ки дар амалиёти вижаи пулис боздошт мешаванд, онҷо нигоҳ дошта шаванд.
Ба иттилоъи манобеъи расмӣ, дар амалиёти масъулини идораи умури занон ва пулиси Қурғонтеппа аз хиёбонҳо кӯдаконе, ки корҳои сангинеро дар ивази пули ночиз анҷом медиҳанд, боздошт мешаванд, аммо ба хотири набудани таҳвилгоҳ онҳо дубора озод карда мешаванд.
Мақомот мегӯянд занони руспие ҳам, ки шабҳангом аз бошгоҳҳои шабона ва кобореҳои шаҳр боздошт мешаванд, ки низ баъди бозҷӯӣ озод карда мешаванд.
Шаҳрдории Қурғонтеппа мегӯяд, ки дар сурати фаъъолияти таҳвилгоҳ афроди боздоштшуда дар вақти юришҳо ё амалиётҳои вижа як мудат онҷо нигоҳ дошта мешаванд ва ба хонаводаҳояшон интиқол меёбанд.
Сайфура номи мустаъори як зани руспӣ аз ноҳияи Қумсангир мебошад, ки дар як юриши (рейди) пулис аз шаҳри Қурғонтеппа боздошт шуда ва аз сӯйи кормандони идораи умури занон бозпурсӣ шудааст.
Сайфура мегӯяд: "Дар ноҳияи мо барои заноне, ки таҳсил накардаанд, ҷойи кор нест. Дар ошхона кор мекардам, мардҳо маро ҳамеша фоҳиша мегуфтанд. Ҳоло ҳамин корро мекунам ва пул ба даст меорам. Барои мо бояд машоғил муҳайё созанд, на таҳвилгоҳ."
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ки таъсиси таҳвилгоҳ роҳи ҳалли мушкили руспигарии занон ва ё роҳи ҷилавгирӣ аз кори кӯдакони сини мадраса дар бозорҳо нест.
Онҳо бар ин назаранд, ки бояд давлат ба хонаводаи кӯдаконе, ки дар вақти соъоти дарсӣ ба кор дар бозор машғул мешаванд, кумаки молӣ расонад ва барои занони руспӣ машоғил бо ҳуқуқи муносиб эҷод кунад.
