Омодагии сокинон барои муқобила бо ҳаводиси табиъӣ
Image copyrightBBC World ServiceБахши Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сокинони рустоҳо ҳушдор додааст, ки барои муқобала бо ҳаводиси табиъии мухталиф, аз ҷумла, обхезӣ ва резиши тармаю сел омода бошанд.
Масъулони ин ниҳод бо сокинони манотиқе, ки хатароти ношӣ аз ҳаводиси мухталифи табиъӣ ба онҳо таҳдид мекунад, мулоқотҳо анҷом додаанд.
Барои сокинони ин рустоҳо тавсия дода шуда, ки онҳо чи гуна дар фасли баҳор амнияти хеш ва фарзандони кучаки худро аз хатароти эҳтимолӣ таъмин кунанд.
Ин дар ҳолест, ки зимистони соли ҷорӣ беш аз даҳ хона дар ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бар асари рахнаи об аз рӯдхонаи наздик ба ноҳия комилан хароб шудаанд. Сокинони ин манозил ба манотиқи амн кӯч дода шуданд.
Аз сӯйи дигар, масъулони ҳукуматҳои маҳаллии бисёре аз навоҳӣ дар ин вилоят гуфтаанд, ки имкони кӯч додани шумори зиёде аз сокинони рустоҳои зери хатари ҳаводиси табиъиро ба макони дигаре надоштаанд.
Ва аз ин рӯ онҳо кормандони идораҳои зидахлро муваззаф кардаанд, ки барои мубориза бо ҳаводиси табиъӣ ва таъмини амнияти мардум иқдомоти бештарро ба харҷ диҳанд.
Ҳотамшоҳ Шарипов, масъули идораи умури изтирории Хатлон ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулон дар 25 шаҳру навоҳӣ бо мардуми рустоҳое, ки манозили зисташон дар манотиқи зери хатари обхезӣ қарор дорад, мулоқот анҷом додаанд.
Оқои Шарипов гуфт, ки бештари ин рустоҳо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон воқеъ гашта, аз мардум даъват шудааст, то барои назорати шабонарӯзӣ ба хатари сар задани ҳодисаҳои табиъӣ иқдом кунанд.
Аммо масъулони ин ниҳод аз ваъзияти хароби соҳили рӯдхонаҳо дар бархе аз манотиқи вилоят нигарон буда ва мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз обхезӣ дар ин манотиқ ва бунёд кардани саддҳо дар рӯдхонаҳо ниёз ба пул ва фановарии ҷадид вуҷуд доштааст.
Зеро фановарии лозима барои таҳкими савоҳили рудхонаҳо, ки дар ихтиёри идораи изтирории вилояти Хатлон вуҷуд доштааст, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст.
Ва бештаре аз ин фановарӣ кӯҳнаву фарсуда шуда ва афзун бар он барои фаъъолият дар даҳҳо килуметри соҳили рӯдхонаҳо кофӣ набудааст.
Ба ин хотир, идораи вазъияти изтирорӣ дар вилояти Хатлон аз кормандони корхонаҳои давлатӣ барои муқобала бо ҳаводиси табиъӣ дархости кумак кардааст.
Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ҳоли ҳозир дар ин вилоят 360 минтақаи зери хатари обхезӣ вуҷуд доранд ва дар рустоҳои ин манотиқ даҳҳо мактаби ҳамагонӣ фаъъолият мекунад.
Бар асоси иттилоъӣ идораи вазъияти изтирории вилояти Хатлон дар сурати вуқӯъи ҳаводиси табиъӣ, аз ҷумла обхезӣ бештар кӯдакон ва шогирдони ин макотиб бо хатароти ношӣ аз ин офот рӯбарӯ хоҳанд буд.
Дар моҳҳои апрел ва майи соли 2009 бар асари ҷорӣ шудани сел дар ду рустои ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 200 воҳиди маскунӣ комилан хароб шуда ва беш аз як ҳазору 200 нафар аз сокинони ин ноҳия бесарпаноҳ монда буданд. Он замон давлати Тоҷикистон ин сокинонро ба мантиқаи амне кӯч дода ва барои онҳо манозили маскунӣ бунёд карда буд.
