Хисороти сел дар рустои Шуҷанди Рӯшон

Сели бузурге, ки дар пайи борони шаби гузашта омада, шуморе аз хонаҳоро дар рустои Шуҷанди ноҳияи Рӯшон хароб кардааст. Дар асари ин сел роҳи дараи Бартанг баста шудааст.
Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки омадани сел ҳаволии соъати 12-и рӯз шурӯъ шуда ва то кунун дастикам шаш хона ва се мағоза, тавила ва оғилҳо ва роҳи мошингарди ин русторо хароб кардааст.
Зеваршоҳи Муҳаммад, хабарнигори Би-би-сӣ, ки барои дидори пайвандонаш ба минтақа рафтааст, аз ҷумлаи шоҳидони ин ҳодиса аст, ки мегӯяд шаби гузашта борони шадиде борида буд.
Вай афзуд: "Борони шадиди шаби гузашта боъиси селоб шудааст. Ин сел, ки зоҳиран дар дараи танге дар болои русто гир монда буд, имрӯз роҳашро боз карда ва ба пойин ҷорӣ шуд ва дар роҳи худ хонаҳо, роҳи мошингард ва оғилҳои мардумро хароб кард."
Аз ин сел касе осеби ҷисмонӣ надида, вале хисороти молии он барои рустоиён, ки дар яке аз фақиртарин ва дуруфтодарин манотиқи Тоҷикистон ба сар мебаранд, қобили мулоҳиза аст.
Рустои Шуҷанд дар даҳкилуметрии рустои Вамар, маркази ноҳияи Рӯшон, дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, сели шадид роҳи дараи Бартангро низ, ки аз миёнаи ин русто мегузашт, масдуд кардааст.
Пас аз муддати дароз, ки гармои шадид дар Тоҷикистон ҳукмфармо буд, шаби гузашта дар бархе манотиқ борони шадид борид. Ҳавошиносон аз тағйири ногаҳонии ҳаво хабар дода ва гуфтаанд, ки вазъияти ҳаво базудӣ ба раволи қаблӣ бозхоҳад гашт.
Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва дар баробари ҳаводиси мухталифи табиъӣ, назири селу обхезӣ, заминларза, лағзиши кӯҳпора ва баҳман, осебпазир аст.
Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ҳамасола аз хисороти зиёди ҳаводиси табиъӣ, бавижа дар манотиқи кӯҳистонии ин кишвар, гузориш медиҳад.
