Талоши имдодгарони ҳиндӣ барои наҷоти ҳафт ҳазор селзада

  • 24 Июн, 2013

Имдодгарони ҳиндӣ саъй мекунанд дар амалиёте ҳамоҳанг ҳафт ҳазор нафареро, ки аз сел ба иртифоъоти Ҳимолиё паноҳ бурда будаанд ва имкони бозгашт надоранд, наҷот диҳанд. Сел дар иёлати Утороканд то кунун ҳадди ақал шашсад кушта ба ҷо гузошта ва ҳаштод ҳазор нафарро бехонумон кардааст.

Нерӯи ҳавоии Ҳинд мегӯяд имдодгарон бояд ҳарчи сареътар худро ба иртифоъот бирасонанд, чун замон барои наҷоти селзадагон бисёр кам аст.

Аммо хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд ҳазорон нафар дар зиёратгоҳи Бодринот дар иртифоъоти Ҳимолиё гир афтодаанд, аммо ба иллати борандагии шадид, вазъияти бади ҷаввӣ ва пӯшида будани кӯҳистон дар абру миҳ кори имдод бо душворӣ рӯбарӯ аст.

Чархболҳои ҳомили нерӯҳои вежа, ки имрӯз субҳ (24 июн) барои имдод ба маҳал эъзом шуда буданд, ба иллати вазъияти бади ҷаввӣ ба пойгоҳҳои худ баргаштаанд.

То кунун кушта шудани ҳадди ақал шашсад нафар таъйид шуда ва тахмин зада мешавад ҳаштод ҳазор нафар бехонумон шуда бошанд, аммо ба гуфтаи Виҷӣ Боҳугуно, сарвазири иёлати Утороканд ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки шумори кушташудагон беш аз ҳазор нафар бошад.

Сел ба қадре вайронгар буда, ки хонаҳо ва пулҳо ва ҷодаҳоро бо худ бурда ва ҳанӯз як ҳафта пас аз шурӯъи сел ва рониши замин тахмини дастарасӣ аз шумори қурбониён вуҷуд надорад.