Афзоиши нигарониҳо аз вазъияти селзадагон дар Ҳинд
Имдодгарон дар шимоли Ҳинд мегӯянд, нигаронии онҳо аз вазъияти ҳазорон нафаре, ки дар пайи вуқуъи селу рониши замин дар манотиқи дурдасти кӯҳистонӣ гир кардаанд, бештар ва бештар мешавад.
Ба гуфтаи имдодгарон афроди бисёре аз як ҳафта қабл дар ҳавои сард, бидуни об ва сарпаноҳ мондаанд.
То кунун мушаххас шуда, ки сели ношӣ аз боронҳои мавсимӣ дар иёлати Утараканд дар кӯҳҳои Ҳимолоё беш аз 550 кушта бар ҷо гузоштааст.
Ҷоддаҳо, пулҳо ва деҳкадаҳо ба таври комил аз байн рафта ва боиси саргардонии ҳудуди 50 ҳазор нафар дар манотиқи кғҳистонӣ шудааст.
Эҳтимол меравад, ки теъдоди афроде, ки дар асари сел ҷон бохтанд ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш пайдо кунад.
