Амалиёти кумакрасонӣ ба ҳазорон тан аз селзадагони Ҳинд густариш ёфтааст

Давлати Ҳинд иқдомоти худ барои кӯмак ба селзадагонро афзоиш додааст.
Дар пайи бориши борони сангини мавсимӣ ва ҷорӣ шудани сел дар иёлати Уттороканд, воқеъ дар шимоли Ҳинд , созмонҳои имдодрасонии ин кишвар ба иқдомоти густардае барои кумак ба осебдидагон даст задаанд.
Оморе, ки дар мавриди талафот ва хисороти ин сел интишор ёфта ҳокӣ аз он аст, ки то кунун яксаду панҷоҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд ва беш аз шаст ҳазор нафар низ дар миёни селоб гирифтор шудаанд.
Бориши борони сангин, ҷорӣ шудани сел ва рониши замин ҳамчунин садҳо хонаро вайрон карда ва роҳҳои иртиботиро аз миён бурдааст.
Вазири мушовир дар давлати Ҳинд аз ин воқеа бо унвони "суномии ҳимолиёӣ" ном бурда ва дар мавриди афзоиши омори талафоти сел ибрози нигаронӣ кардааст.
Ҳидояти амалиёти имдодрасониро ягонҳои артиши Ҳинд бар уҳда гирифтаанд ва болгардҳои низомӣ нақше муҳим дар кумак расондан ба селзадагонро ифо мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир ин амалиёт умдатан бар шаҳри Кидорно муттамаркиз аст.
Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки наметавонанд дар мавриди талафоти эҳтимолии зоирон ва боздидкунандагон аз ин минтақа изҳори назари ниҳоӣ кунанд.
Иёлати Уттороканд, ки аз он бо унвони "сарзамини худоён" ҳам ёд мешавад дар марзи Ҳинд бо Непол воқеъ шуда ва ба хотири маъобид ва зиёратгоҳҳое, ки дар дили куҳ сохта шуда, шӯҳрат дорад.
Маъмулан шумори зиёде зоирон барои ибодат ва боздид аз ин амокини мазҳабӣ ба ин минтақа сафар мекунанд.
Бориши борони сангин дар он суи марз низ хисорот ва талафоте ба бор овардааст.
Мақомоти Неполӣ гуфтаанд, ки беш аз сӣ тан аз сокинони манотиқи марзӣ дар асари ҷорӣ шудани сел ва рониши замин ҷони худро аз даст додаанд.
