Ҳазорҳо нафар аз бими хезиши об дар Урупо хонаҳои худро тарк мекунанд

  • 3 Июн, 2013

Ҳазорҳо нафар дар Урупои Марказӣ аз бими ҷорӣ шудани селоб ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо хонаҳои худро тарк кардаанд.

Мақомоти Утриш (Австрия), Олмон ва Ҷумҳурии Чек (Чехия) барои мубориза бо обхезиҳо дар баъзе манотиқ тадобири сареъеро рӯи даст гирифтаанд.

Беш аз 2,5 ҳазор нафар маҷбур шудаанд манозили худро дар шаҳри Прог, пойтахти Ҷумҳурии Чек тарк кунанд. Ҳудуди 7 ҳазор нафари дигар дар шаҳри Эйленбург дар Олмон ба манотиқи амн интиқол ёфтаанд.

Мақомоти Чек аз ин ки имкон дорад бахши таърихии шаҳри Прог зери об бимонад, нигарон ҳастанд.

Баъзе аз манотиқи ин кишвар манотиқи офатзада эълом шудаанд.