Нигаронии мақомоти Хатлон аз таъсири сардӣ ба ҳайвоноти аҳлӣ
Image copyrightBBC World ServiceҲукумати вилояти Хатлон, ахиран масъулони зидахли давлатиро муваззаф кардааст, ки вазъияти ширкатҳои домпарварии (чорводорӣ) ин вилоятро арзёбӣ кунанд.
Ин дастури ҳукумати вилоят дар пайи бориши барфи зиёд ва сардии чанд рӯзи ахир дар қаламрави ин минтақа содир шуда ва ҳадаф аз он кумаки бамаврид ба домдорон ба ҳангоми сар задани мушкилоти эҳтимолии ношӣ аз бориш ва ҷилавгирӣ аз талафи ҳайвонот будааст.
Масъулони ҳукумат дархост кардаанд, ки гурӯҳҳои корӣ бо шароити фаъъолияти домпарварӣ ошно шуда ва дар мавриди вазъи кунунии онҳо ба ҳукумати вилоят гузоришҳо ироа кунанд.
Ҳикмат Валиев, як масъули идораи кишоварзии ҳукумати Хатлон гуфт, ки ба сабаби сардии бесобиқа ва бориши зиёди барф дар ин вилоят, бисёре аз ширкатҳои чорводорӣ бо камбуди коҳи хушк, ки ғазои аслии ҳайвонот дар фасли замистон маҳсуб мешавад, рӯ ба рӯ ҳастанд.
Оқои Валиев мегӯяд, ки агар сардии ҳаво дар ин вилоят ҳамчунон идома ёбад, эҳтимоли талаф ёфтани ҳайвоноти аҳлӣ, аз ҷумла гову гӯсфанд аз имкон дур нахоҳад буд.
Идораи кишоварзӣ гуфт, ки соли гузашта дар ин вилоят, ки замистони тӯлонӣ буд, шуморе аз ҳайвоноти аҳлии ширкатҳои чорводорӣ ба хотири набуди коҳ дар фасли зимистон талаф ёфта буданд.
Ҳамчунин оқои Валиев гуфт, ки боздиди онҳо аз ширкатҳои домпарварӣ баёнгари он будааст, ки аксари ширкатҳо барои муроқибат аз ҳайвоноти аҳлӣ дар фасли зимистон омода набудаанд ва ҳоло бо хатароти ношӣ аз маризиии ҳайвонот рӯбарӯ ҳастанд.
Дар вилояти Хатлон 25 ширкати домпарварии давлатӣ фаъъолият мекунад. Аз сӯйи дигар дар баробари ин ширкатҳо сокинони рустоҳо ва навоҳии мухталифи вилояти Хатлон низ дар ин рӯзҳои сард ба хотири барфпӯш будани чарогоҳҳо бо мушкилоти камбуди ғазо барои ҳайвононт ва бемор шудани чорво рӯбарӯ ҳастанд.
Салимшоҳ, як сокини ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мегӯяд, ки ширкатҳои домпарварии давлатӣ дар сурати сар задани мушкилот аз ҷониби давлат пуштибонӣ хоҳанд шуд ва бо коҳ ва хошок таъмин мешаванд.
Аммо вай гуфт, ки ҳайвоноти аҳлии сокинон дар замистон бештар аз сармо талаф меёбанд ва аз ҷониби давлат ҳимояти молӣ намешаванд.
Салимшоҳ мегӯяд, ки дар кӯҳҳо барфи зиёде боридааст ва онҳо аз камбуди хӯрок барои ҳайвоноти худ ранҷ мебаранд. Гуфта мешавад, ки ба сабаби ба чарогоҳҳо набурдани ҳайвоноти аҳлӣ ва нигаҳдории онҳо дар оғил, ниёз ба хӯрок барои ҳайвоноти аҳлӣ боло будааст.
Афзун бар ин домпарварони Хатлон гуфтаанд, ки сардии чанд рӯзи ахир онҳоро нигарон карда ва эҳтимоли талаф ёфтани ҳайвонот бештар бо гарм шудани ҳаво мушоҳида мешавад.
Домпарварӣ дар вилояити Хатлон, яке аз бахшҳои умдаи арсаи кишоварзӣ буда ва сокинон дар рустоҳои кӯҳистонӣ барои гузарони зиндагӣ ба парвариши ҳайвоноти аҳлӣ машғул ҳастанд.
Коршиносон бо ишора ба сардии шадиди зимистони имсол ва камбуди нерӯи барқ ва маводди дигари сӯхтӣ мегӯянд, ки ин сардиҳо метавонанд ба ширкатҳои домпарварии давлатӣ ва хусусӣ хисороти молии қобили мулоҳиза ворид кунанд.
