Вазорати кишоварзӣ: "Вазорат аз нозир ба мушовир ва шарик табдил мешавад"

  • 18 Июл, 2013
Нишасти матбӯъотӣ
Image caption Муъовини вазири кишоварзӣ дар ин нишаст гуфт, ки барномаи ислоҳоти сохторӣ дар ин ниҳод қарор аст то соли 2016 комилан анҷом ёбад

Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки баъд аз анҷоми комили тағйироти сохторӣ дар ин арса, вазорат аз ниҳоди нозир ба шарик ва мушовир барои тавсеъаи арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон табдил хоҳад шуд.

Муъовини вазири кишоварзӣ ҳамчунин гуфт, ки барномаи ислоҳоти сохторӣ дар ин ниҳод бо ширкати мутахассисони арсаи кишоварзии Тоҷикистон оғоз шуда ва қарор аст он дар соли 2016 комилан анҷом ёбад.

Суюнхон Рустамов, рӯзи панҷшанбеи 18 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: "Тибқи нақшаи ислоҳот, ки аз соли 2012 то соли 2016-ро дар бар мегирад, чаҳор ташкилоте, ки дар тобеъияти вазорат ҳастанд ба як воҳиди сохторӣ табдил хоҳанд шуд ва фаъъолияти ду корхонаи воҳиди дигари марбут ба вазорат ба сабаби нолозимӣ ҳазф мешаванд."

Оқои Рустамов ҳамчунин гуфт, ки ислоҳот дигаргуниҳоеро дар наҳваи сармоярезӣ ба вазорат ва арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистонро низ дар назар гирифтааст.

Вай афзуд: "Дар гузашта сармоя ба вазорат ва бахшҳои он дар маҳаллоти Тоҷикистон аз се манбаъи кишвар амалӣ мешуд ва ислоҳот маблағгузории ҳар яке аз онҳоро мустақиман аз будҷаи ҷумҳурӣ дар назар гирифтааст."

Ин масъули вазорати кишоварзии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор ширкатҳои кишоварзӣ фаъъолият мекунанд ва зарурати ворид кардани тағйирот ба сохтори вазорат ва ташкилотҳои марбут ба он омода кардани шароити фароҳам барои кори аъзои ин ширкатҳо будааст.

Image caption Оқои Рустамов гуфт, ки ислоҳот дигаргуниҳоеро дар наҳваи сармоярезӣ ба вазорат ва арсаи кишоварзро дар назар гирифтааст

Ҳадафи ин ислоҳот, ки давлат барномаи онро дар тобистони соли 2012 ба тасвиб расонид, халал ворид накардан ба фаъолияти деҳқонон, озодии онҳо, дастрасии кишоварзон ба сармоя ва ба тухмиҳои баландсифат ва фанноварии мавриди ниёз тавсиф шудааст.

Барномаи тағйироти сохтории арсаи кишоварзӣ бо машварат ва ҳамкориҳои танготанги бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Хорбор ва Кишоварзии Милали Муттаҳид (FAO) роҳандозӣ мешавад.

Масъулони созмонҳои байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки бахши аслии қишри камбизоъати Тоҷикистон дар манотиқи кишоварзии ин кишвар ба сар мебаранд, ба зарурати роҳандозии ин барнома таъкид карданд.

Вале бархе аз коршиносон бо ишора ба мушкилоти мавҷуда дар арсаи кишоварзӣ ва ба вежа фаъъолияти ширкатҳои хусусии кишоварзӣ дар ин кишвар мегӯянд, ки ахиран шумори зиёде аз сокинон, аз ҷумла мардҳои кишоварз дар даҳсолаи ахир барои ҷустуҷӯйи кор ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия рафта ва бархеҳо барои ҳамешагӣ дар он кишварҳо мондагор шудаанд.

Ва ҳамакнун дар мазореъи кишоварзӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон аксаран занон ва афроди солманд машғули кор будаанд, аз ин рӯ ин коршиносон муътақиданд, ки баъд аз гузашти чанд сол дар арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ниёзи шадиде ба нерӯи корӣ пайдо хоҳад шуд.

Ҳарчанд Суюнхон Рустамов мегӯяд, ки дар Тоҷикистон камтарин мизони маъоши моҳиёна дар асраи кишоварзист, аммо ӯ афзуд, ки давлати Тоҷикистон барои бо ҷойҳои кории доимӣ бо маъоши арзанда таъмин кардани сокинони минтақаи кишоварзи ин кишвар кушиш ба харҷ медиҳад.

Ҳамчунин масъулони вазорати кишоварзӣ баъид медонанд, ки дар арсаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба нерӯи корӣ ниёзмандӣ пайдо шавад.

Аммо иддае аз соҳибназарон бо ишора ба ворид шудани бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон, Покистон ва Чин меафзоянд, ки мушкилоти мавҷуда дар арсаи кишоварзӣ, назири вомҳои бо баҳраҳои баланд, камбуди таҷҳизоти фаннӣ ва гарон будани маводди сӯхтӣ барои соҳибкорон дар арсаи кишоварзӣ судманд набудааст.

Матолиби муртабит