Қосимов: Бештари маводди кишоварзӣ аз Қирғизистон ворид мешавад

  • 24 Январ, 2014
Қосим ҚосимовImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Қосимов гуфт, ки аксари маводди зарурӣ барои кишоварзони тоҷик аз роҳҳои Қирғизистон ворид мешавад

Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба муддати тӯлонӣ масдуд шудани ҳамлу нақли коло дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Қирғизистон метавонад дар арсаи кишоварзӣ асароти манфӣ гузорад.

Қосим Қосимов рӯзи ҷумъаи 24 январ дар нишасти матбӯъотии нимсолаи ин ниҳод гуфт, ки аксари маводди лозима ва фанноварӣ барои арсаи кишоварзӣ аз роҳҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Вай афзуд: "Беш аз 50 дарсади маводди зарурӣ барои арсаи кишоварзӣ, бавижа парвариши панба, аз ҷумла маводди сӯхтӣ ва фанноварӣ ва байзаро, дар Тоҷикистон тавлид намекунанд."

Оқои Қосимов ҳамчунин гуфт, ки имсол мақомот аз вазъият дар марз нигарон ҳастанд: "Умдатан манобеъи моддӣ ва фанноварии арсаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон тавассути Қирғизистон ворид мешавад."

Бо ин вуҷуд, оқои Қосимов гуфт, ки дар соли ҷорӣ қарор аст, ки кишоварзони Тоҷикистон танҳо панбаро дар ҳудуди 200 ҳазор ҳектор мазореъ кишт ва парвариш кунанд.

Рӯзи 11 январ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара миёни марзбонони ду кишвар даргирие рух дод, ки ба захмӣ шудани шаш марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик мунҷар шуд. Аз он замон давлати Қирғизистон ба таври якҷониба ҳаракати васоили нақлия аз қаламрави худ дар панҷ гузаргоҳи марзиро масдуд кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи иддае аз cокинони манотиқи марзӣ, масдуд шудани гузаргоҳҳо дар марзи муштараки Тоҷикистон на танҳо бар зиёни сокинони ин кишвар, балки бар зарари худи мардуми Қирғизистон ва бавижа сокинони вилояти Бодканд, низ тамом мешавад.

Тавре ки Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар торнамои расмии худ менависад, масъулони ин ҳизб дар шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ бо сокинони рустоҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух, ки дар минтақаи марзӣ воқеъ ҳастанд, мулоқотҳое анҷом додаанд.

Дар ин сойт омадааст: "Суханронон аз он ёдовар гаштанд, ки баста шудани марз ва гузаргоҳҳо аз ҷониби Қиргизистон бар зарари худи аҳолии марзии кишвари ҳамсоя шуда истодааст. Зеро маводди хӯрокӣ ва ниёзи аввалия маҳз ба деҳаҳои Бодканд аз вилояти Суғд, бавижа аз шахри Исфара ворид мешуд."

Аз сӯйи дигар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ дар шаҳри Исфара ба марзбонони тоҷике, ки аз марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар ин ноҳия муроқибат мекунанд, кумакҳои ғизоӣ ироа додаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Бар асоси асноди марбут ба даҳаи 1920-и Шӯравӣ деҳистони Ворух умуман дарунбум ё ба истилоҳ "анклав" набуда, балки ба хоки аслии Тоҷикистон пайваст будааст

Масъулони ин ҳизб дар шаҳри Исфара гуфтаанд, ки тасмим доранд рӯзҳои наздик барои марзбонон як меҳмонӣ доир кунанд ва ба онҳо маводди ғазоӣ, аз ҷумла гӯшт ва биринҷ, бибаранд.

Таниш дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон тайи ду ҳафтаи ахир ба масъалае доғ дар минтақа табдил ёфтааст. "Ҷумҳурият", нашрияи давлатии Тоҷикистон, зимни баррасии ин масоил навиштааст, ки дар охири солҳои 1980-и қарни гузашта мақомоти ин кишвар 350 ҳектор заминро "барои истифодаи муваққат" ба Қирғизистон дода буданд.

Ин заминҳо дар замони раҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов дар Тоҷикистон бар асоси санаде бо имзои Иззатулло Ҳаёев, раиси вақти Шӯрои вазирони ин кишвар дар ҳудуди байни ҷамоъатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворухи ноҳияи Исфара ихтисос ёфта буд. Таъкид шуда, ин заминҳо то ҳол ба Тоҷикистон бозгардонда нашудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар "Нақшаи арозии баҳсбарангез" дар бойгонии низомии шӯравӣ, ки Тоҷикистон дастрас карда, маҳалли сохтмони ҷоддаи баҳсбарангез аз сӯйи Қирғизистон дар ҳаволии Ворух узви қаламрави Тоҷикистон буда ва як нақшаи низомии Омрико дар соли 1955 низ онро таъйид мекунад.

Ба гуфтаи онҳо, бар асоси асноди марбут ба даҳаи 1920-и Шӯравӣ деҳистони Ворух умуман дарунбум ё ба истилоҳ "анклав" набуда, балки ба хоки аслии Тоҷикистон пайваст будааст.

Матолиби муртабит