Даргирии нерӯҳои қирғиз бо як гурӯҳи мусаллаҳ дар марзи Қирғизистон бо Чин
Бар асари як даргирӣ дар мантақаи марзии Иссиқкӯл байни Қирғизистон ва Чин марзбонони қирғиз ду тан аз аъзои гурӯҳи мусаллаҳи номаълумеро ба зарби гулӯла куштаанд.
Хабаргузории “AkiPress”-и Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбӯъотии Идораи нерӯҳои марзбонии ин кишвар хабар додааст, ки субҳи панҷшанбеи 23 январ аз 8 то 10 нафар ба таври ғайриқонунӣ аз Чин ба дараи Сари Булоқи Қирғизистон убур карда, Александр Барикин, раҳбари ҷамъияти шикорчиёни вилояти Иссикӯлро куштаанд ва силоҳи шикории ӯро ғасб кардаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, ки дастаи марзбонони Қирғизистон сареъан ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда ва бо аъзои гурӯҳи мусаллаҳ даргир шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамакнун ин гурӯҳи мусаллаҳ дар минтақаи “Пикертик” аз ҷониби нерӯҳои марзбонии Қирғизистон муҳосира шуда ва ҳеликуптари низомӣ бо нерӯи таъйиноти вижаи дастаи марзбонии Чуйи ин кишвар барои тақвияти нерӯҳои марзбонӣ ба маҳалли ҳодиса парвоз кардааст.
Бино ба гузоришҳои расида аз минтақаи “Пикертик”, даргириҳо миёни марзбонони қирғиз ва гурӯҳи мусаллаҳи номаълум ҳамчунон идома доштааст.
