Қирғизистон ба сохтмони ҷоддаи баҳсбарангез 'идома медиҳад'

Қирғизистон ба сохтмони роҳи мошингард дар минтақаи марзии мавриди баҳс бо Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара, дар шимоли ин кишвар, идома медиҳад.
Манобеъи маҳаллӣ дар деҳистони Ворухи ноҳияи Исфара ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки дирӯз ва имрӯз (23 ва 24 январ) коргарони қирғиз ба умури сохтмонии роҳи баҳсбарангез дар ҳаволии ин русто идома додаанд.
Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, вазъият дар минтақаи марзӣ “ором аст”. Як манбаъи дигари маҳаллӣ афзуд, ки ҷониби Қирғизистон умури сохтмонӣ дар ин минтақаро "аслан қатъ накарда буд."
Ин дар ҳолест, ки музокироти рӯзи гузаштаи раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон тақрибан бидуни натиҷа анҷом ёфтааст. Манбаъи огоҳ мегӯянд, ки Раҷабали Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва Раимбердӣ Дуйшенбиев, ҳамтои қирғизи вай, дар Исфара танҳо масоилеро баррасӣ кардаанд, ки ба салоҳияти онҳо марбут мешавад.
Тибқи иттилоъи расонаҳои Қирғизистон, дар ин дидор мавзӯъи назорати муштарак бар вазъияти марз аз ҳарду ҷониб баррасӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ки мавзӯъи сохтмони роҳи мошингард дар қаламрави Тоҷикистон аз сӯйи Қирғизистон ба салоҳияти Кумисиюни муштараки ду кишвар марбут аст.
Як сокини маҳаллӣ дар Ворух, ки ҳувияти худро ифшо накард, гуфт, ки феълан комюнҳо ва таҷҳизоти роҳсозии қирғизҳо дар минтақаи марзӣ қарор доранд.
Вай афзуд: "Яъне бо ин амр ҷониби Қирғизистон ба мардуми худ дарак медиҳад, ки қасди даст кашидан аз идомаи роҳсозиро надорад ва то ҷое “ба асаби” ҷониби Тоҷикистон мерасад."
Дар ин миён, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе бо дархости ҷониби Тоҷикистон гуфтугӯи телефунии Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, бо Эрлан Абдилдаев, ҳамтои қирғизаш, сурат гирифтааст.
Ба навиштаи сойти расмии вазорати хориҷаи Қирғизистон, дар ин гуфтугӯ масоили марбут ба даргирӣ дар минтақаи ҳаммарз, ки рӯзи 11 январ дар рустои Хоҷа Аъло рух дод, баррасӣ шудааст.
Ҳар ду ҷониб эълом доштаанд, ки ба таҳқиқи сареъи ин ҳодиса алоқаманд буда ва интизор доранд, ки афроди муқассир дар ин ҳодиса муҷозот шаванд.
Ҷониби Қирғизистон нахуст иддаъо дошт, ки марзбонони тоҷик ба сӯйи марзбонони қирғиз гулӯла шиллик кардаанд ва дар пайи ин ҳодиса шаш марзбони қирғиз ҷароҳатҳое бардоштаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон низ захмӣ шудани се марзбон ва корманди пулис сабт шудааст.
Вале сипас мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин иддаъоро рад карда ва изҳор доштанд, ки марзбонони қирғиз вориди қаламрави Тоҷикистон шуда ва ба сӯйи марзбонони тоҷик тирандозӣ кардаанд.
Дар натиҷа, марзбонони тоҷик водор шудаанд, ки барои ҳифзи қаламрави худ “посух” бидиҳанд.
Дар гуфтугӯи телефунии вузарои хориҷаи ду кишвар ҷониби Қирғизистон ҳамчунин хостааст, ки Тоҷикистон ба ҳамаи суолоте, ки дар номаҳои эътирозии ҷониби Қирғизистон расман матраҳ шудаанд, посух бидиҳад.
Зимнан, баъд аз вуқӯъи ин ҳодиса ҷониби Қирғизистон панҷ гузаргоҳи марзии худ бо Тоҷикистонро баста ва ба гуфтаи мақомоти Идораи гумруки Тоҷикистон, аз убуру мурури комюнҳои зиёди ҳомили колои Тоҷикистон монеъ шудааст. Дар натиҷа, шумори зиёде аз комюнҳо дар ду тарафи марз гир кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Қодирӣ, устондори Суғд, рӯзи панҷшанбеи 23 январ аз бархе рустоҳои ноҳияи Исфара боздид ва бо сокинон гуфтугӯ кардааст. Оқои Қодирӣ мардумро ба “оромиву хирадмандӣ даъват карда” ва изҳор доштааст, ки мақомоти ҳар ду кишвар масоили мавриди баҳсро “ҳал хоҳанд кард.”
Мушкили манотиқи марзӣ бо Қирғизистон аз замони шӯравии собиқ ба мерос монда ва ҷонибҳо дар тӯли беш аз бист соли истиқлол натавонистаанд онро ҳал кунанд. Аз ҳудуди як ҳазор килуметр арозии марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол танҳо панҷоҳ дарсадаш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
