Мошинҳои ҳомили колои Тоҷикистон дар Қирғизистон 'гир мондаанд'
Image copyrightBBC World ServiceМуъовини раиси Идораи гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи ду ҳафати ахир шумори зиёде аз мошинҳои ҳомили коло барои ин кишвар дар қаламрави Қирғизистон гир кардааст.
Ба гуфтаи Неъматҷон Раҳматов, баъд аз воқеъаи 11 январи соли ҷорӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, он кишвар ба таври якҷониба тронзит ва ҳамлу нақл аз тариқи қаламрави хеш ба Тоҷикистонро маҳдуд кардааст.
Оқои Раҳматов дар нишасте матбӯъотӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 23 январ доир шуд, гуфт, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон панҷ гузаргоҳи марзӣ дорад, ки се то аз он дар қаламрави вилояти Суғд воқеъанд.
Вай афзуд: "Имрӯз аз сӯйи кормандони гумруки Тоҷикистон фаъъолияти ин гузаргоҳҳо ба таври муқаррарӣ анҷом мегирад, вале тавре ки огоҳ ҳастед, дар тӯли рӯзҳои ахир, бар асари воқеъае, ки рух дода буд, Қирғизистон ба таври якҷониба интиқоли молу воситаҳои нақлияро маҳдуд кардааст."
Ду гузаргоҳи дигари марзӣ бо Қирғистон дар ноҳияи Ҷиргатоли водии Рашт ва ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон воқеъанд, ки дар ин ҷоҳо ҳам тараддуди васоили нақлияи Тоҷикистон маҳдуд шудааст.
Масъулони Идораи гумруки Тоҷикистон иттилоъе дақиқ дар бораи шумораи мошинҳои гиркарда дар қаламрави Қирғизистонро ироа накарданд.
Вале оқои Раҳматов гуфт: "Тибқи иттилоъе, ки мо дорем, теъдоди зиёде аз мошинҳо дар он сӯйи марз дар интизори гузаштан аз сарҳад қарор доранд ва ин омил албатта то андозае дар мизони ҷамъоварии пардохти гумрукӣ метавонад таъсири манфӣ гузорад."
Аммо муъовини раиси Идораи гумрук изҳори умедворӣ кард, ки мақомоти ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон базудӣ мушкили мавҷуд дар марзи муштаракро ҳал кунанд.
Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, Қирғизистон яке аз кишварҳои умда дар қаламрави Осиёи Миёна аст, ки тоҷирон аз он ҷо миқдори қобили мулоҳизаи коло ва маводдро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.
Аз ҷумла гуфта мешавад, танҳо дар як гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистон, мавсум ба “Гулистон”, дар вилояти Суғд, ҳамарӯза аз 20 то 30 утумубил ва комюни ҳомили коло ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Ҳамчунин бахши қобили мулоҳизае аз колоҳои воридотӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Қирғизистон интиқол мешавад, ки баста будани марз ё маҳдудияти убуру мурур тронзити маводро низ аз Чин ва Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳдуд месозад.
Дар натиҷа, нооромӣ дар марзи муштарак ва равобити тираи ду кишвар метавонад дар зиндагии бахши қобили таваҷҷуҳе аз мардуми Тоҷикистон асароти ҷиддие гузорад.
Вафо Ниятбеков, коршиноси мустақил, мегӯяд, ки бастани якҷонибаи гузаргоҳҳо аз сӯйи давлати Қирғизистон, сокинон дар ду сӯйи марзи ҳар ду кившарро бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад кард.
Ваф ба Би-би-сӣ гуфт: "Масдуд кардани ҳамлу нақли коло ва ҳаракати васоили нақлия аз сӯйи Қирғизистон муғойир бо тамоми тавофуқоти дуҷониба миёни ду кишвар ва тавофуқоти чандҷониба дар чорчӯби Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳарду кишвар аъзои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ҳастанд, қарордодҳои ин созмон низ нодида гирифта шудааст."
Оқои Ниятбеков мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин амр мешавад натиҷагирӣ кард, ки қарордодҳои ин созмонҳо то андозае "намоишӣ" буда ва дарвоқеъ кор намекунанд. Вай вай афзуд, барои ҳалли ин мушкил ҳеҷ ифроту тафрит лозим нест, чун Қирғизистон ва Тоҷикистон дар минтақа шарикони аслӣ ба шумор меоянд.
Рӯзи 11 январ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Исфара миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз даргирие рух дод, ки ба захмӣ шудани шаш марзбони қирғизу ду марзбони тоҷик мунҷар шуд.
Ҷониби Тоҷикистон иддаъо дорад, ки алорағми тавофуқот, ҷониби Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингард месохт ва дар он рӯз марзбонони қирғиз вориди қаламрави ин кишвар шуда ва ба сӯйи марзбонони тоҷик тир андохтаанд.
Аммо тарафи Қирғизистон эълом карда, ки нахуст марзбонони тоҷик дар минтақаи Хоҷа Аъло ба сӯйи марзбонони қирғиз гугӯла шиллик карда ва шаш нафар аз марзбонони он кишварро захмӣ кардаанд.
Дар пайи ин таниш, Қирғизистон сафири худ дар шаҳри Душанберо ба Бишкек фаро хондааст. Қирғизистон ҳамчунин рафтуомади атбоъи Тоҷикистон ба он кишварро таҳти назорати шадид гирифта ва аз ҷумла дар фурӯдгоҳҳо шаҳрвандони тоҷик муддати тӯлонӣ ҳадафи бозрасиҳои вижа қарор мегиранд.
Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, музокира миёни мақомоти тоҷик ва қирғиз барои пайдо кардани роҳи ҳалли ин масъала идома дорад. Дар солҳои қаблӣ низ дар марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифатҳое буруз карда, аммо бо гуфтушунид ҳал шуда буд.
Зимнан, ҳайъате аз аъзои порлумони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) аз Суэд ва Донморк ба риёсати Кент Харстед, узви Кумитаи дифоъи порлумони САҲУ, аз ду рӯз қабл дар Тоҷикистон қарор дорад.
Рӯзи гузашта ин ҳайъат бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикситон, мулоқот карда ва аз ҷумла мавзӯъи "бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ"-ро баррасӣ кардааст.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки дар ин мулоқот намояндагони порлумони САҲУ таниши байни Тоҷикистону Қирғизистонро низ баррасӣ кардаанд. Мавзӯъи амният дар марзҳо дар меҳвари барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо қарор дорад, ки ҳарду кишвар узви он ҳастанд.
